Categories Хабарҳо

5 дастаи дар Душанбе барои Ҷоми CAFA-2022 талош мекунанд

Аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад, ки дар он панҷ дастаи мунтахаб барои унвони беҳтарин дастаи минтақа  миёни ҳам мубориза мебаранд.

Дар бозиҳои CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.   Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола  даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Тибқи низомнома, Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби  ҷавонони то 19-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

Даври 1

5 август (ҷумъа)

18:00 – Узбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

Даври 2

6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 3

8 август (душанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Даври 4

10 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Қирғизистон

21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН

Даври 5

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон – Узбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *