Рубрики Pressa

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пас аз се сол санади таърихиро қабул кард


Дар Женева шартномаи таърихӣ, ки амали муштараки кишварҳоро дар сурати пандемияҳои нав бо назардошти хатогиҳои пандемияи COVID-19 муайян мекунад, ба имзо расид.

Ҳуҷҷат се сол бо сабаби ихтилофоти шадиди байни тарафҳо омода карда шуд. Дар натиҷа, 124 давлат онро дастгирӣ карданд ва 11 давлат, аз ҷумла Русия, Лаҳистон, Исроил ва Италия аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.

Ҳадафҳои асосии шартнома баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳамоҳангсозии вокуниш, бартараф кардани нобаробарӣ дар дастрасӣ ба табобат, доруворӣ, ваксинаҳо ва воситаҳои муҳофизатӣ мебошанд.

Аз ин лиҳоз, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  зарурати ҳамкории ҳамоҳангро байни кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ таъкид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *