Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо масъалаҳои баргузории 13-умин Муколамаи ҳуқуқи башарро баррасӣ карданд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон бо сафири Иттиҳодияи Аврупо – раҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис мулоқот намуда, масоили баргузории 13-умин иҷлосияи Муколама оид ба ҳуқуқи башар миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба низоми имтиёзҳои Иттиҳодияи Аврупо (GSP+) баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои хабаргузории Авеста, зимни мулоқот вазири адлия ба Сафир дар бораи омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии ин масъалаҳо дар мулоқотҳои дар пеш истода маълумот дода, омодагии вазоратро барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштааст.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар навбати худ ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ин мулоқотро нуқтаи ибтидоии рушди ҳамкориҳои минбаъда номид.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои мавзӯӣ, ки ҳар ду ҷониб мароқ доранд, баррасӣ шуданд.