Додгоҳи Эрон рӯзи якшанбе аз эъдоми чаҳор нафар ба иттиҳоми “ҳамкории иттилоотӣ бо Исроил ва одамрабоӣ” хабар дод.
Ҳусайн Урду Хонзода, Шоҳин Имони Маҳмудобод, Мелод Ашрафӣ ва Манучеҳр Шаҳбандӣ номҳои ин чаҳор нафар аст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз се рекорддори бузурги муҷозоти эъдом дар ҷаҳон аст.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муҷозоти эъдомро лағв карда ва дигар иҷро намекунанд. Ниҳодҳои ҳуқуқи башарии ҷаҳонӣ эъдомро як муҷозоти ноодилона, зидди ҳуқуқи башарӣ ва ғайри қобили баргашт медонанд, аммо Эрон аз кишварҳое аст, ки муҷозоти эъдомро ба шеваи “ҳалқовез” идома медиҳад.
Давлати Эрон дар баробари хости фарогири мардумӣ барои таваққуфи муҷозоти эъдом эътино накардааст.