Categories Хабарҳо

Мулло Абдураҳим —намоде аз зиллат

Шерро дар сирк дидаед? Оё ҳеҷ ҷонваре ҳаст, ки аз ин “шоҳи ҷангал” ибо кунад? Вақте бозӣ мекунад, гоҳе як буз, маймун ва ҳатто муш болояш савор шудаанд.

Нигоҳи ҳатто кӯдакон ба шер дар сирк ва шер дар ҷангалро тасаввур кунед. Шоҳи ҷангал бо ин ки тан дод дар сирк бозигар бошад, ба як масхарабоз табдил шудааст.

Акси Мулло Абдураҳимро дар “маршировка” дидаму ҳамон шери масхарабоз ба хотирам зад. Замоне як дивизияи русӣ назди ӯ ба зону зада буд (намедонам то куҷо ин хабар дуруст аст, аммо бо иттилои худи ӯ ба заставаи 12-уми русҳо ӯ ҳуҷум бурда буд). Яке аз қумондонҳои бузурги Иттиҳоди мухолифин, ки салобаташ ҳам кам набуд, як ҷабҳаро идора мекард ва иззаташ ҳам то ҷое буд, ки билохира ба симмати вазирӣ расид.

Ҳарчанд мегӯянд, ки аз аввал мавқеъи собит надошт, ва соле гароиш ба шиъа карду сипас салафӣ шуд, то ҷое ки ҳукми куфри Аҳмадшоҳ Масъуду устод Раббониро ҳам содир кард, вале воқеъият ин аст, ки замоне бо мухолифин буд ва барои озодии динаш меҷангид, як нафари сарбаланд, соҳибмавқеъ ва босалобат буд. Замоне аксашро бо ришу силоҳ ҳам дида будам, ки агар як аскари давлат ё рус бубинад ҳатман метарсид.

Аммо аз замоне, ки ба бозӣ кардан дар сирки режим сар фаровардааст, зиллаташ ҳар рӯз бештар мешавад. Агар дар аввал ӯро барои наъра кашидану тарсондани кӯдакон истифода мекарданд, инак ба ҷое расидааст, ки маймуну бузу муш болояш савор шудаанд ва ӯ дар саҳнаи сирк ҷавлон мезанад.

Насибааш аз зиндагӣ ҳамон як пора гӯштест, ки барои рақсидану кашондани бузу муш сӯяш ҳаво медиҳанд. Дигар на наъра кашида метавонад, на ҳатто харгӯшеро дарида. Ҳатто соҳибонаш сарашро барои хидматҳояш сила намекунанд. Чун медонанд, ки дигар ниёз ба силакунӣ ҳам нест. Танҳо пораи гӯшти бӯгирифтаи харе кофист…

Рустам Вализода

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *