Бароъ ибни Молик бародари Анас ибни Молик, саҳоба ва ходими Паёмбар (дуруди Худованд нисорашон) буд. Насаби комили ӯ ба сурати Бароъ ибни Молик ибни Назр ибни Замзам ибни Зайд ибни Ҳарам ибни Ҷундан ибни Умар ибни Ғанм ибни Ъаддӣ ибни Наҷҷор зикр шудааст. Дар баъзе манобеъ ин дуро бародари танӣ ва номи модарашонро Умми Сулайма бинти Малҳон зикр кардаанд. Вале бархе дигарон номи модари ӯро Ассаҳмоъ ва ӯро бародари нотании Анас шуморидаанд.
Бароъ марди лоғарандоме буд, ки мӯйҳои ғуборолуду парешоне дошт ва ҳар касе, ки ба ӯ нигоҳ кунад, сайъ мекард, ки якбора нигоҳашро барканад. Аммо бо вуҷуди ин дар набардҳои шахсӣ ӯ сад нафар мушрикинро аз байн бурд, ҳол он ки дар набардҳои бузурге низ фаъол ширкат дошт.
Пас аз вафоти Паёмбар (дуруд бар олу асҳобашон) гурӯҳ-гурӯҳ арабҳо аз Ислом дур шуданд ва танҳо теъдоди муайяне аз онҳо мусалмон боқӣ монданд. Абу Бакр (Худо розӣ бодо) устувори дин буду дар ин нооромии харобиовар ҷилавгирӣ кард. Вай ёздаҳ ҷанговарро аз Ансор ва Муҳоҷирон санъати муҳориба омӯзонду омода сохт. Ёздаҳ рамзи ҷасорат бар роҳбарони лашкар супорид.
Бештари муртадини сарсахт аз қабилаи Бану Ҳаниф пайравони пайғамбари бардурӯғ Мусайлим буданд. Мусайлим аз ин қавм чил ҳазор ҷанговарони ботаҷриба ва иттифоқчиёни онҳоро дошт. Бисёриҳо, ки ӯро дунбол мекарданд, на аз рӯйи имон, балки ба далели таассуб пайравӣ мекарданд. Бархе ҳатто мегуфтанд: “Ман шаҳодат медиҳам, ки Мусайлим набии дурӯғин ва Муҳаммад ростину содиқ аст, аммо нисбат ба ростгӯву музир дурӯғгӯву меҳрубон беҳтар аст.”
Мусайлимиён аввалин шикаст бар аввалин артиши мусалмонон бо роҳбарии Икрим ибни Абӯҷаҳл расониданд ва онро водор ба ақибнишинӣ карданд. Сипас Абу Бакр лашкари дуввумро бо сарварии Халид ибни Валид фиристод. Дар ин лашкар ҳамдастони муҳоҷирон ва ансор буданд. Бароъ ибни Молики Ансорӣ дар садри ҳар ду қарор гирифт. Нерӯҳо дар майдони Ямама дар Наҷд вохӯрданд. Баъди андаке мусайлимиён ба пирӯзшавӣ шурӯъ карданду мусалмонон боз ҳам пас гаштанд. Мусайлимиён хаймаи Холид ибни Валидро хароб карданд ва қариб, ки ҳамсарашро мекуштанд, агар яке аз мусулмонон онро муҳофизат намекард. Мусулмонон ҳис мекарданд, ки агар ин дафъа низ мағлуб шаванд, дар Арабистон касе намемонад, ки Аллоҳи ягонаро ибодат кунад!
Дар ин вақт, Холид ба сӯи сарбозон шитофт ва онҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо сохт, ба тарзе, ки муҳаҷирҳоро аз Ансорҳо, бедуинҳоро аз ҳарду, фарзандони як падар дар зери як парчам, то қудрати ҳар гурӯҳ қобили мушоҳида бошаду аз куҷо бояд мунтазири зарба бошад. Ҷанги шадиде байни ду ҷониб ба амал омад, ки қаблан мусалмонон ин гуна муҳорибаро дар хотир надоштанд. Размандагони мусайлим бо вуҷуди талафоташон то ҳадди марг ҷангиданд. Мусулмонон низ шуҷоат нишон доданд, аммо бо ин ҳол ҳам, ҳамаи ин қабл аз қаҳрамонии Бароъ ибни Молик ҳеҷ буд.
Пас аз он ки Холид дид, ки ҷанг шиддат ёфта истодааст, ба Бароъ ибни Малик рӯ овард ва гуфт: «Ба назди онҳо рав, ба Ансор умедвор шав!» Сипас ба қавми худ рӯ оварда, гуфт: “Эй Ансор, бигзор ҳеҷ кадоми шумо дар бораи ба Мадина баргаштан фикр накунад. Аз имрӯз эътиборан барои шумо мадина нест, фақат Аллоҳ ва биҳишт ҳаст. Сипас, ансориёнро ҷониби худ моил сохта, ба сӯи душманон ҳаракат кард. То он ҳад ҷониби душман шамшер зад, ки хеле ҳаросиданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки дар боғ пинҳон шаванд ва аз он вақт ин ҷой бо номи «Боғи марг» номида шуд, зеро шумораи зиёди одамон дар он рӯз ҳамин ҷо кушта шуда буданд.
«Боғи марг» қаламрави азиме буд, ки бо деворҳои баланд иҳота шуда буд. Дар паси ин деворҳо дарвозаро маҳкам карда, Мусайлим кӯшиш дошт, ки бо ҷонибдорони худ паноҳ барад, ки шуморашон бар ҳазорҳо нафар мерасид. Аз болои деворҳои баланду устувори боғ мусайлимиён ба ҷониби мусалмонон мисли борон тир равона мекарданд. Пас Бароъ ибни Молик ба пеш қадам зад ва гуфт: Эй мардум! Маро ҳамроҳи сипар бардоред ва баъд ба боғ тавассути девори назди дарвоза партоед. Ё кушта мешавам, ё дари боғро бар рӯйи шумо мекушоям. Баъди лаҳзае кӯтоҳ Бароъ ибни Молик аллакай пушти сипаре қарор гирифта буд. Даҳҳо сипардорони дигар ӯро бардоштанд ва ба дохили боғ афканданд.
Ҳарчанд дар ин усули бархӯрд Бароъ зиёда аз ҳаштод захм бардошта буд, тавонист, ки даҳҳо нафар душманро низ зеру забар кунад ва дарвозаро низ боз созад. Аз дарвозаву деворҳои боғ мусалмонон бар дохил рехтанд ва қариби дусад ҳазор нафар дар ин муҳорибаи шадид кушта шуданд. Дар ин миён худи Мусайлим ҳам буд.
Бароъ ибни Моликро ба урдугоҳ, ки захмиёнро мебурданд, бурданд. Холид ибни Валид як моҳ дар ӯрдугоҳ монд, то он даме, ки Худо солимии ӯро барқарор кард, ба мисоле, ки ғалабаи лашкари мусалмон тавассути Ал-Бароъро. Бароъ ибни Молик ҳанӯз омода буд, ки ҷони худро дар роҳи Худованд бидиҳад ва ба дараҷаи арзишманде ба шаҳодат бирасад, ки ӯро дар он рӯз дар “Боғи марг” гузашт. Аммо ин дараҷаро дар набарде барои Тустар дар Порс, дар замони салтанати Умар ибни Хаттоб пеш гирифт.
Як ҳодисае дигар аз зиндагиномаи Бароъ ибни молик: Баъд аз вафоти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам рӯзе дар ҷиҳод бо мушрикон, мусалмонон дар фишор қарор гирифтанд ва чанд нафар ба назди Бароъ ибни Молик разияллоҳу анҳу омада гуфтанд; Туро қасам ба номи Парвардигорат ёд кун!.
Бароъа ибни Молик разияллоҳу анҳу рӯ ба даргоҳи Аллоҳ таъоло кард ва сари худро бар сӯйи осмон боло бурд ва гуфт; «Бор Илоҳо! Ба номи Ту қасам ёд мекунам, ки кофирон фирор кунанд». Дере нагузашта кофирон дар ҳақиқат фирор карданд ва шикаст хурданд.
Бори дигар дар як майдони ҷиҳод, ба мусалмонон сахтиҳое омад ва чанд нафар ба назди Бароъ ибни Молик разияллоҳу анҳу омада гуфтанд; Туро қасам ба номи Парвардигорат ёд кун!. Бароъ ибни Молик разияллоҳу анҳу даст ба дуо бардошта гуфт;
«Бор Илоҳо! Ба номи Ту қасам ёд мекунам, ки кофирон пойдор биистанд ва маро ба Паёмбарат Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бирасон». Дере нагузашта буд, ки кофирон дар ҷанг устуворӣ нишон доданд ва Бароъ ибни Молик разияллоҳу анҳу дар ҳамин ҳангом кушта шуд. Бароъ ибни Молик дар ғазвати Уҳуд ва Хандак ва ба қавле дар тамоми ғазвот, ҷуз ғазваи Бадр ширкат дошт. Вай аз ҷумлаи саҳобаҳое буд, ки дар соли шашуми ҳиҷрат дар байъати шаҷара (байъати ризвон) бо пайомбар (дуруд бар олу асҳобашон) паймон баст, яъне саҳобаи шаҷарӣ буд.
Соима Саидӣ