ДУШАНБЕ, 21.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки мулоқот дар ҳошияи ҳошияи чорабиниҳои ҳафтаи футболи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.