Рубрики Хабарҳо

Хонаводаи фаъолони мухолифин дар Тоҷикистон зери фишори шадид қарор доранд

Дар арафаи нишасти САҲА дар Варшава, пойтахти Лаҳистон, хонаводаи бештари мухолифон, ки қарор аст др ин нишаст ширкат кунанд, зери фишори шадиди мақомоти амниятиву интизомии Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Мақомот аз наздикони фаъолони мухолиф талаб мекунанд ба пайвандонашон дар Аврупо занг зада аз онҳо бихоҳанд аз ширкат дар нишасти САҲА парҳез кунанд. Бархеро назди дастгоҳи  наворбардорӣ қарор дода, талаб мекунанд алайҳи наздиконашон дар Аврупо ва мухолифин дар умум баромад намоянд. 

Аз як гурӯҳи наздикони мухолифин, ки зери бори фишорҳои мақомот рафтаанд, талаб шудааст назди дафтари намояндагии САҲА рафта алайҳи наздикони худашон тазоҳурот кунанд. 

Муҳаммадӣ Тешаев, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, ду рӯз аст, ки бародараш Шералӣ Тешаев зери фишор ва шиканҷаи равонии мақомот қарор дорад. Ӯро ҳатто маҷбур кардаанд алайҳи бародараш дашному фаҳшо гӯяд.

Тибқи гуфтаи Муҳаммадӣ Тешаев, то субҳи дирӯз бародаршро ҳади ақал ду маротиба ба идораи Кумитаи амният бурдаанд ва маҷбур сохтаанд алайҳи ӯ баромад кунад. Ӯ сабтеро ҳам дар ихтиёри Паём гузошт, аммо бинобар ҷо доштани дашному фаҳшгӯии зиёд аз тарафи мақомоти амниятӣ, Паём аз пахши он худдорӣ мекунад. 

Ҳамин намуди фишорҳо ба хонаводаи дигар мухолифин низ оварда мешавад. Гурӯҳе бо раҳбарии Оятуллоҳ Гиляев, собиқ узви Гурӯҳи 24, ки баъдан ба ҳукумат пайваст, хона ба хонаи мухолифин мегарданд ва бар онҳо фишори равонӣ меоранд.

Ҳар сол дар арафаи баргузории нишасти САҲА, наздикони мухолифин зери фишору таъқиби мақомот қарор мегиранд. Ҳарчнад то ҳанӯз ин фишорҳо ҳеҷ таъсире дар фаъолияти мухолифон надоштааст, мақомот аз он дастбардор нестанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *