Кормандони мақомоти милитсия ва Прокуратураи ноҳияи Сино зани 29-соларо, ки ҳамчун мураббӣ дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб” фаъолият мекард, бо гумони иҷрои номатлуби ӯҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир намуданд.
Тавре аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дода мешавад, ҳодиса рӯзи 19-уми май, тахминан соати 13:05 дақиқа рух додааст.
Муррабӣ, ба гуфтаи тафтишот, ҳангоми вақти хоби кӯдакон, онҳоро беназорат гузошта, аз ӯҳдадориҳои худ сарпечӣ кардааст. Дар натиҷа, як кӯдаки дусолаи сокини шаҳри Душанбе бо беэҳтиётӣ ба панҷараи ошёнаи дуюм овехта шуда, ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршуда тибқи моддаи 175-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, феълан тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube