Рубрики Pressa

Ҷашни Рӯзи ҷавонон дар Боғи фарҳангии устод Рӯдакӣ (аксҳо)


 21 майи соли равон дар Боғи фарҳангии устод Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатии ансамбли “Муҳандиси ҷавон” аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ таҳти унвони “Шукӯҳи ҷавонӣ” баргузор гардид.

Дар ин барномаи пуршукӯҳ роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия викторина доир намуд, ки дар он иштирокчиён дониш ва малакаҳои худро дар самти муқовимат ба коррупсия ва масъулияти шаҳрвандӣ намоиш доданд.

Чорабинӣ дар фазои фарҳангиву маърифатӣ баргузор шуда, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба нерӯи созандаи насли ҷавон ва таҳкими арзишҳои ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *