Рубрики Pressa

Иҷрои ҳадафи чорум. Бунёди беш аз 500 корхона дар Хатлон


Бо эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат дар кишвар, масъулин дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 500 корхонаву коргоҳи гуногунро ба нақша гирифтаанд. Баъди иҷрои пурраи нақша каму беш 13 ҳазор ҷойи кории нав ташкил хоҳад шуд, ки сатҳи бекорӣ дар минтақа ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Ҷамшед Маҳмуродзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки мувофиқи нақша дар соли 2025 сохтмони 92 коргоҳу корхонаи гуногун дар назар аст. Ӯ мегӯяд, танҳо дар чор моҳ 27 корхона сохта мавриди истифода қарор гирифтааст, ки наздики 30 дарсади нақшаро ташкил мекунад.

“Соли дар соли 2022-ум 144, соли 2023-ум 119 ва дар соли 2024 –ум 89 корхонаи гуногуни истесолӣ ва саноатӣ бунёд гардидааст.

Ҷамшед Маҳмуродзода мегӯяд, феълан дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 809 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ фаъолият дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *