Имрӯз расо панҷ сол мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон гуруҳе аз фаъолони ҲНИТ- ро ғайриқонунӣ ҳабс ва ба маҳкама ба муддатҳои тулонӣ кашидаааст. Ҳарчанд намояндаҳои ҳукумат ва мақомотҳои интизомӣ дар баромадҳо ва вохуриҳояшон ҳамеша иддаои онро доранд, ки дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ вуҷуд надоранд ва ин ашхос дар асоси ҳукми одилонаи судӣ ҷазо гирифтаанд, таҳлили ҳаматарафа ва беғарази қазияи мазкур зидди суханони онҳост.
16 сентябри соли 2015 аз тарафи мақомоти қудратии Тоҷикистон Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, Ҳаитов Маҳмадали Раҳмонович, Ҳикматулло Сайфуллозода, Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб, Давлатов Абдуқаҳор Абдукаримович, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Каримов Саттор Самадович, Розиқов Зубайдулло, Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна ва Қосидинов Воҳидхон бо дағалона вайрон кардани тамоми меъёрҳои мурофиавӣ боздошт карда шудаанд. Рустамов Саъдиддин Темурович, Набиев Шариф Маҳмадалиевич ва Ғайратов Абдусамад Исмоилович бошанд дар дигар рӯзҳо боздошт шудаанд.
Дар рафти ҳабс, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ва мурофиаи судӣ ҳуқуқ ва озодиҳои ин ашхос ҳаматарафа ва дағалона вайрон карда мешуд. Лату куб, таҳқир, маҳрум сохтан аз ёрии ҳуқуқӣ, дар муддати тулонӣ умуман бе ному нишон будан, ки ҳатто на адвокатҳою хешу таборон дар кадом ниҳод боздошт шудани онҳоро намедонистанд, маҳрум кардан аз ҳуқуқи пешниҳоди далел, радди даъвати шоҳидон, далелҳои сохта ва фишор ба шоҳидон ин фақат қатраест аз баҳри бепоёни ҳуқуқвайронкуниҳои мақомоти қудратӣ дар рафти баррасии мурофиаи ҷиноятии ин маҳбусони сиёсӣ.
Маҳз ҳамин маҳдудиятҳои бешумори мурофиавӣ, муносибати махсуси кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва узвияти боздоштшудаҳо ба ҲНИТ (ҳизби расмии мухолифи онвақта) шаҳодати онро дорад, ки баррасии парвандаи ин ашхос на аз руи меъёрҳои муқаррар кардашудаи қонун, балки бо истифодаи усул ва роҳҳои мамнуъ гузаронида шудааст. Дар бораи ин қонуншиканиҳо мақомотҳои қудратӣ на фақат огоҳӣ доштанд, балки шарик ва таҳриккунандаи онҳо низ буданд. Ва маҳз ҳамин ҳолат асоси пурраи он шуда метавонад, ки мо ин нафаронро МАҲБУСОНИ СИЁСӢ номем.
Хотиррасон бояд намуд, ки Гуруҳи кории Созмони Миллалӣ Мутаҳҳид оид ба боздоштҳои худсарона моҳи феврали соли ҷорӣ парвандаи ин маҳбусонӣ сиёсии Тоҷикистонро дида баромада, ба хулосае омад, ки ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқи инсонро вайрон кардааст. Тибқи хулосаи СММ, «хеле возеҳ аст, ки асоси ҳабс ва зиндонии минбаъдаи 11 узви ҲНИТ дарвоқеъ истифодаи онҳо аз ҳуқуқи озодии сухан ва озодии ҷамъомадҳо буд.»
Аммо дар ҷавоби Қарор ва даъватҳои СММ, корпусҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ва шахсони алоҳида оид ба раҳоии маҳбусони сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти интизомӣ такя ба он мекунанд, ки андешаҳои ниҳодҳои СММ хусусияти машваратӣ доранд ва Тоҷикистон вазифадор нест, ки онҳоро иҷро кунад. Мақомоти Тоҷикистон инчунин изҳор доштанд, ки қонунгузории кишвар механизмҳои раҳоии маҳбусонро бо қарорҳои сохторҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо қарорҳои СММ пешбинӣ накардааст.
Бояд гуфт, ки Гуруҳи кории СММ қарори худро дар натиҷаи таҳлил ва муқоисаи иҷроиши уҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифтаи Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқуи инсон тибқи шартномаҳои байналмиллалӣ, аз қабили Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ, Эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои меъёрии умумиҷаҳонӣ баровардааст. Ва аз ин лиҳоз, иддаои мақомоти Тоҷикистон оиди он, ки онҳо вазифадор нестанд, ки қонуншиканиҳо ва хатогиҳои рухдодаро ислоҳ кунанд хело аҷиб ва нигаронкунанда аст. Чунин рафтор аҳамияти умумии шартномаҳои байналмиллалиро оид ба ҳуқуқи инсон ночиз мегардонад.
Чунин мешуморам, ки вақти он расидааст, ки СММ мақоми қарорҳои худро дар соҳаи иҷроиши уҳдадориҳои давлатҳо-узвҳои ин созмон вобаста ба ҳуқуқи инсон аз нав баррасӣ карда ба онҳо мақоми “ҳатмӣ барои иҷроиш” диҳанд. Бояд аз тарафи СММ ва дигар давлатҳои демократӣ мунтазам ва то озодшавии тамоми маҳбусони сиёсии Тоҷикистон амалҳои мушаххас анҷом дода шавад. Чи хеле, ки дар боло гуфта гузаштем ашхоси дар боло овардашуда дар ҳақиқат маҳбусони сиёсии Тоҷикистон мебошанд ва инак аллакай панҷ соли расо мешавад, ки онҳо гайриқонунӣ ва бе исботи гуноҳашон ба муддатҳои тулонӣ ба маҳкама кашида шудаанд.
Мо, хешу табори маҳбусони сиёси, ташкилотҳои байналмиллалӣ ва дохилии ҳифзи ҳуқуқи башар ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳони дидани Ватанро чун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд дорем, бояд тамоми кӯшишамонро ба он сарф намоем, ки адолати судӣ нисбати ин ашхос барқарор шавад.Умедворам, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ мавқеъи худро нисбати ҳабс ва қарори судии ноодилона тағйир дода ба наздикӣ мо ин маҳбусони сиёсиро дар озодӣ хохем дид.
Ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров