Нашрияи Фараж хабар медиҳад, чанде аз сокинони навоҳии ҷануби кишвар шикоят кардаанд, ки аз бегоҳи дирӯз 5-уми октябр дар хонаҳояшон барқ қатъ шудааст ва аз соати 22-и шаби гузашта то 5-и субҳи имрӯз барқ надоштанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон субҳгоҳон танҳо ба муддати 3 соат барқ доштаанду халос.
Як корманди шабакаи барқи ноҳияи Панҷ, бидуни ифшои номаш, ҷорӣ гардидани маҳдудият дар интиқоли барқ дар ин ноҳияро тасдиқ карда гуфтааст, “Лимити барқ дар ноҳия аз рӯзи гузашта сар шуд. Минбаъд бояд шабона аз соати 22 то 5-и субҳ ва рӯзона аз 8-и саҳар то 17-и бегоҳ барқ ба аҳолӣ қатъ карда шавад”.
Дарноҳияи Восеъи вилояти Хатлон низ хабари ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли барқро тасдиқ кардаанд. Гуфта мешавад, дар ноҳияи Восеъ шаби гузашта то соати 5-и субҳ барқ надоштанд ва аз 8-и субҳ то ҳозир низ нерӯи барқ нест. Сокини ноҳия аз он нигаронанд, ки “маҳдудият, ки дар ҳавои гарм ҷорӣ гардида бошад, оянда, агар хунукӣ шаваду барф борад, чӣ мешуда бошад?”.
Аз деҳаи Ғусари шаҳри Панҷакент низ гуфтанд, ки айни замон барқ надоранд.
Манбаъи ахабар менависад, аз маҳдудият дар интиқоли барқ садо баланд кардани сокинони кишвар дар ҳолест, ки дар ширкати “Барқи тоҷик” ин иддаоро рад карданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати Барқи тоҷик гуфтаст, ки “ягон хел лимит нест”.
Ба гуфти Ёдгорӣ ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар зеристгоҳҳои бузургу хатҳои баландшиддат ва дар аксар маҳалҳо тавассути хатҳои эҳтиётии интиқоли нерӯи барқ дар баъзе минтақаҳо, аксаран дар соатҳои вақти рӯзона, эҳтимоли қатъ гардидани қувваи барқ ба миён меояд. Ин ҳолат ҳеҷ вақт набояд ҳамчун ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ дар ҳудуди кишвар ҳисобида шавад. Корҳои назоратӣ, таъмирӣ ва профилактикӣ вобаста ба ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда дар муҳлати кутоҳ ба охир мерасад ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд.