Дар ним солаи аввали соли 2020 танҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 хонандаи мактаб худкушӣ кардаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта се маврид бештар аст. Равоншиносон ҳодисаҳоро бештар ба афсурдагии аз ҳад зиёд ва ҷанҷол дар оилаҳо рабт медиҳанд.
Ба иттилои расмӣ аксар наврасоне, ки дар ним сол дар вилояти Хатлон худкушӣ кардаанд, духтарон буда, аз 15 то 17 сол доштаанд.
Дар пажӯҳише, ки соли 2017 аз тарафи Бунёди кудакони СММ ва бо номи «Таҳқиқи ҳолатҳои равонии атфоли моил ба худкушӣ» анҷом шуд, муайян кардаанд, як сабаби аслии қасди ҷони худ кардани наврасону ҷавонон «бетаваҷҷӯҳии волидон, бехабар будан аз ҳолу дунёи онҳо ва дур будан аз навозишу меҳрубонӣ» мебошад.
Аксар наврасоне, ки дар назарпурсии се сол пеши Бунёди кудакони СММ ширкат кардаанд, ба суоли «Чаро ҳамсолонашон қасди худкушӣ мекунанд?”» гуфтаанд, «Волидон онҳоро дарк намекунанд» ва «Аз ҷониби касе дастгирӣ намешаванд».
Мадина Шарифова, равоншиноси тоҷик низ сабабҳои худкушии ноболиғонро гуногун медонад, аммо мегӯяд, бештари онҳоро мешавад пешгирӣ кард.
Ба иттилои расмӣ ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо мавриди худкушии сокинонро сабт мекунанд. Додситони кул Юсуф Раҳмон моҳи апрели имсол дар Маҷлиси Миллӣ гуфта буд, ки соли гузашта дар кишвар 632 мавриди даст ба худкушӣ задани шаҳрвандонро сабт кардаанд. Аз ин шумора 104 нафарашон ноболиғ ва 170 нафарашон ҷавонони аз 18 то 25-сола будаанд.
Додситони кул ин рақамҳорро ташвишовар хонда, гуфта буд, ки Тоҷикистон барномаи махсуси пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯиқасди худкуширо қабул кардааст. Иҷрои ин барнома то соли 2023 дар назар аст.