Гурӯҳе аз наздикони маҳбусони сиёсии Тоҷикистон бо нашри муроҷиатномае ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, нусха ба унвонии прокурори генералии ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф ва Ваколатдор оиди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Умед Бобозода шикоят карданд, ки нисбати пайвандонашон ягон талаботи Қонунгузории Тоҷикистон дар бораи ҷазо, ҷавобгарии инфиродӣ, шарт ва шароити нигоҳдошт дар маҳбасҳо ва озодии сухан ва виҷдон риоя намешавад.
Дар Муроҷиатнома омадаст, ки “бинобар сабаби мунтазам зери фишор ва таъқиб қарор гирифтани наздикони мо, чӣ дар маҳбас ва чӣ дар “озодӣ” дар дохили кишвар буда моро водор кард, ки боз як бори дигар аз тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ истифода намуда ба шумо муроҷиат намоем”.
Гуфта шудааст, ки маҳдуд ва поймол намудани ҳуқуқу озодиҳои маҳбусин баҳри “мубориза” бо мухолифони сиёсӣ бори дигар гувохи он мебошад, ки онҳо маҳбусони оддӣ нею, маҳз маҳбусони сиёсӣ мебошанд.
Зимнан муаллифони муроҷиатнома изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам матлабу навор ва филмҳое паҳн мешаванд, ки дар онҳо наздиконаншонро ба тариқи маҷбурӣ ба навор мегиранд. Дар ҳоле, ки намояндагони мақомоти қудратӣ хуб медонанд, ки мутобиқи талаботи моддаи 134 КҶ маҷбуркунӣ ин амал ҷиноят ҳисоб мешавад.
Муаллифон бо муроҷиат ба раисҷумҳур, прокурори гереалӣ ва омбудсмени Тоҷикистон гуфтаанд, бо дастрасии талаботҳои моддаи 141, 143 ва 144 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо, ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, сардори мақомоте, ки назорат аз болои иҷрои якхелаи қонунҳоро дар тамоми Тоҷикистон бар зимма гирифтааст ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дархост ва талаб дорем, ки муроҷиати моро ҷиддӣ ба назар гирифта, нисбати ҳолатҳои дар поён овардашуда тафтишот оғоз карда, онро новобаста аз манфиатҳои сиёсӣ, қавмӣ ва ё шахсӣ беғараз тафтиш карда гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар охир муаллифон дархост намудаанд, ки ин муроҷиаташон дар асоси талаботҳои қонунӣ муроҷиати электронӣ ба ҳисоб рафта тибқи қонун ба он бояд ҷавоб нависта шавад.