Дар паёми видеоӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Тоҷикистонро табрик гуфта, онҳоро қувваи бузурги созанда ва нерӯи асосии рушди кишвар номид.
Президенти мамлакат таъкид кард, ки ҷавонон дар таҳкими истиқлол, пойдории давлатдорӣ ва ҳифзи амнияту суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд. Ҳукумат барои таълиму тарбия, рушди зеҳнӣ ва касбомӯзии онҳо тамоми шароитро муҳайё кардааст. Дар даврони истиқлол садҳо муассисаи нави таълимӣ, марказҳои ҷавонон ва иншооти варзишӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор гуфт, ки имрӯз ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои илм, маориф, саноат, варзиш ва хизмати давлатӣ фаъолона саҳм мегузоранд ва дар донишгоҳҳои пешрафтаи 42 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.
Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти сиёсиву иҷтимоии худ дар назди давлат ва ҷомеа барои пешрафту ободии Ватани худ бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо иттиҳоду сарҷамъӣ заҳмат мекашанд.
“Сиёсати ҷавонгардонии кадрҳои хизмати давлатӣ, таъсиси квотаву стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Илм фурӯғи маърифат» ва чорабиниҳои дигар ҳама гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози ҷомеа мебошад”,-иброз дошт Президенти кишвар.
Сарвари давлат ҷавононро даъват намуд, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, арзишҳои миллӣ ва фарҳангиро ҳифз кунанд ва бо илму дониш, ихтироъкориву эҷодкорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Дар охир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро созандагони фардои дурахшони Ватан номида, ба онҳо тандурустӣ, иқболи нек ва комёбиҳои нав орзу намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube