Рубрики Pressa

Даромади операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 ба беш аз 1,1 миллиард сомонӣ расид


Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки даромади умумии операторони алоқаи кишвар дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ (муодили беш аз 105 миллион доллари ИМА) ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 фоиз афзоиш ёфта, зиёда аз 140 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бештари даромад, тахминан 995 миллион сомонӣ (наздики 95 миллион доллар) ба ҳисоби операторони хусусии алоқа рост меояд. Даромади ин гурӯҳ нисбат ба семоҳаи аввали соли 2024 6,1 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, даромади оператори миллии алоқа – “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи тоҷик” ва дигар сохторҳои тобеи Хадамоти алоқа каме поин рафта, 62,6 миллион сомониро ташкил додааст. Ин рақам дар муқоиса бо соли гузашта 1,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Тибқи иттилои расмӣ, то санаи 1-уми апрели соли 2025, шумораи умумии истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дар кишвар 8,3 миллион нафар-ро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 5,3 миллион корбар ба таври фаъол хизматрасониро истифода мебаранд.

Хадамоти алоқа изҳор медорад, ки рушди босуботи бахши хусусӣ ва тавсеаи хидматрасониҳои рақамӣ яке аз омилҳои асосии болоравии даромади умумии соҳа ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *