Дар даври нимниҳоии Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд варзишгари тоҷик Темур Раҳимов аз намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро мағлуб шуд. Ӯ акнун барои дарёфти медили биринҷӣ талош хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.
Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.
Темур дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт.
Барои дарёфти медали биринҷӣ варзишгари тоҷик бо намояндаи Гурҷистон Гурам Тушишвили қувваозмоӣ мекунад.