Рубрики Хабарҳо

Мурофиъаи қотили Ҳувайдо имрӯз шурӯъ мешавад

Имрӯз, 23 август соати 14:00 бо вақти Маскав дар Додгоҳи вилояти Маскав баррасии парвандаи Александр Сёмин, ки дар қатли ваҳшиёнаи кӯдаки панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода айбдор мешавад, оғоз мешавад. 

Дагир Хасавов, вакили дифоъи Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо ба Паём гуфт, ки ҳамроҳ бо Саидов барои ширкат дар мурофеъа омодагӣ мегиранд. Ӯ изҳор дошт, ин мурофиъа бинобар вуҷуди саҳнаҳои бисёр даҳшатнок, яке аз сангинтарин мурофиъаҳо барояш будааст. 

Қаблан Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи тоҷики муқими Русия низ гуфта буд, аксу наворҳоеро аз ҷараёни тафтишот дидааст, ки бисёр даҳшатнок ва азияткунанда будаанд. 

Падари Ҳувайдо талаб кардааст қотили духтараш ба ҳаюси абад маҳкум шавад.   

Ҳувайдо Тиллозода як солу як моҳ қабл, рӯзи 22 июли соли 2018 аз дасти ин кӯдакозори рус ба қатл расида буд. Сёмин Ҳувайдоро аз майдончаи бозии назди хонаашон дар шаҳри Серпуховои вилояти Маскав дуздид ва ҷасади ӯ рӯзи дигар пас аз ҷустуҷӯи зиёд дар наздикии роҳи оҳан пайдо гардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *