15-уми май як кӯдаки 7-сола аз ноҳияи Вахш ҳангоми кӯшиши гирифтани об аз канал ба об сарозер шудааст. Ҷасади ӯ 21-уми май, тақрибан 400 метр поёнтар аз макони ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурда шуд, хабар медиҳад КҲФ.
Рӯзи 21-уми май, инчунин як марди 41-сола сокини деҳаи Қаратоғ дар ҳолати мастӣ ҳангоми кӯшиши обнӯшӣ ба канали Шайх Музаффари ин деҳа афтодааст. Ҷасади ӯ аз ҷониби наҷотдиҳандагон пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шудааст.
Ҳамчунин, шаби 21-уми май, дар натиҷаи болоравии ногаҳонии сатҳи об дар рӯди Вамар ва шусташавии садди муҳофизатӣ, об ба замини наздиҳавлигӣ ва иншооти ёрирасони сокини маҳаллӣ, Рустамов Асрад ворид шудааст. Хушбахтона, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти ҷиддии дигар дар пай надоштааст.
КҲФ ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки чораҳои эҳтиётиро дар ҳавои гарм ва болоравии сатҳи об ҷиддӣ гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube