Саидмурод Мардонов, чеҳраи сарнишоси санъату театри тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон баъди бемории тӯлонӣ дар синни 85-солагӣ аз миёни мо рафт…
Ӯ дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Аз ҷумла, Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) ва филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ».
Равонаш шод бошад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube