Рубрики Pressa

Фотима ва Зуҳро Шоева бо коллексияи миллии худ дар Русия ҷойи аввалро гирифтанд


Коллексияи либосҳои миллию замонавии Фотима ва Зуҳро Шоева, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Нигини Шоҳнома» дар озмуни XXXII моделони ҷавон ва тарроҳони либос бо номи «Нафаси баҳор» сазовори ҷойи якум гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ 22 майи соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуда, ҷоиза ба Шоева Фотима, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси санъатшиносӣ дар вазъияти расмӣ супорида шуд.

Озмуни «Нафаси баҳор», ки аз 16 то 22 май идома дошт, дар Мактаби муҳандисии либоси Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург баргузор гардид. Он яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи умумиҷумҳуриявӣ дар соҳаи мӯд ва дизайн ба ҳисоб меравад.

Коллексияи “Нигини Шоҳнома” дар рӯзи дуюми озмун ба намоиш гузошта шуд. Либосҳо бо истифода аз матоъҳои рангоранги миллӣ ва услубҳои муосири тарроҳӣ омода шуда, бо унсурҳои нозуки ҳунари миллии тоҷикӣ оро ёфтаанд. Тарҳи либосҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни байналмилалӣ қарор гирифт.

Озмуни «Нафаси баҳор» аз соли 1992 инҷониб баргузор шуда, ҳадафи он дастгирии тарроҳон ва моделсозони ҷавон, ташаккули коллексияҳои ҷаззобу инноватсионӣ ва рушду тақвияти нерӯи кадрӣ дар соҳаи мӯд мебошад. Дар озмун намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин мутахассисони ҷавон аз тамоми қаламрави Русия ва кишварҳои узви ИДМ иштирок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *