Рубрики Хабарҳо

Квачков, поягузори “Фронти халқӣ” озод шуд

Владимир Квачков, сарҳанги мустаъфии ГРУ-и Русия, ки тибқи як эътирофаш таъсисдиҳандаи “Фронти халқӣ” дар Тоҷикистон буд, пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромад.

Ба озодӣ баромадани Квачковро  вакили дифояш, Андрей Виканов,  ба оҷонсии иттилоотии “Новости” хабар додааст.

Андрей Виканов гуфтааст, ки ба зудӣ Квачков нишасти матбуотӣ доир мекунад ва дар бораи тасмимҳои ояндааш ба рӯзноманигорон хоҳад гуфт.

Сарҳанг Квачков соли 2013 бо иттиҳоми омодасозии исёни низомӣ ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Номи ӯ баъди эътирофи худаш чун поягузори “Фронти халқӣ” дар Тоҷикистон ва барангезандаи фитнаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар қаблан расонаӣ шуда буд.

Дар як баромадаш ин сарҳанг эътироф мекунад, ки ба ӯ супориш дода буданд бо қувваи пойгоҳи 201-уми Русия ва бригадаи 15-уми гурӯҳи зудамали ин кишвар ҳукумати муросои миллиро сарнагун намуда, ҷояш як ҳукумати тобеъи Русия биёварад.

Квачков дар посух гуфтааст, ки дар сурати истифодаи артиши рус тоҷикон байни ҳам оштӣ мекунанд ва душмани артиши рус мешаванд, бинобар ин бояд инқилоб бо дасти худи тоҷикон анҷом шавад.

Сарҳанг аз шиносоияш бо Сангак Сафаров ва чӣ гуна ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмонов қисса мекунад. Ӯ эътироф мекунад, ки Фронти халқӣ пурра аз тарафи низомиёни Русияву Ӯзбекистон омода ва мусаллаҳ карда шуда, ин кишварҳо дар ба сари қудрат омадани Фронти халқӣ ва Эмомалӣ Раҳмонов дасти мустақим доранд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *