Субҳи имрӯз 20 феврал бахши форсии Радиои ББС видеоеро нашр кард, ки гуфта мешавад, ин навор пеш аз сафари Шарофиддин Гадоев ба Русия будааст.
Дида мешавад, ин наворро худи Шарофиддин Гадоев пеш аз сафараш ба Русия сабт кардааст. Дар ин навор ӯ изҳорот додааст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо хоҳиши худ ба кишвар баргаштанӣ нест.
Ӯ мегӯяд: «Ин наворро Шумо дар ҳолате пайдо мекунед, ки ё ман кушта шудаам, ё маро дуздидаанд, ё ман бедарак шудаам. Дар ҳамин се ҳолат!».
Шарофиддин Гадоев зимни изҳороти видеоияш таъкид карда гуфт: “Ба он хотир имрӯз ин наворро сабт мекунам, ки рӯзи 14-уми феврал сафари кишвари Русия дорам ва дар он ҷо бо мақомоти Шӯрои амнияти Федератсияи Русия бояд вохӯрӣ анҷом диҳам. Чун дар гузашта, мо бо мақомоти қудратии Федерасияи Русия алоқа дошта будем. Барои баррасӣ намудани баъзе мушкилотҳое, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадагӣ ҳастанд, баррасӣ намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Федерасияи Русия ва ҳамчунон роҳи ҳалли мушкилотҳои Тоҷикистонро бо Русия баррасӣ намудан сафар дорам”.
Ӯ афзудааст: “Мо ба ин кишвар ҳамчун намояндаи як ҳаракати сиёсӣ, ҳамчун оппозитсия сафар менамоем. Вақтҳои охир мо мебинем, ки ҳукумати Тоҷикистон шаҳрвандонашро дар хориҷи кишвар медуздад, ё мекушад, ҳар нафареро, ки муқобилият нишон медиҳад. Ё ин ки баъзе аз шаҳрвандони мо бедарак шуда рафтаанд, ба мисли Эҳсон Одинаев. Мисоли ин ҳодисаҳое низ ба вуқӯъ пайвастанаш мумкин аст. Ба ҳамин хотир, ман ин наворро сабт мекунам, ки яке, агар мабодо, ман тариқи телевизиони давлатии Тоҷикистон, ё ин ки аз шабакаҳои ютюби баромад кунам, ки ман дар Тоҷикистон ҳастам ва бо хоҳиши худам омадам, ин гапҳо ҳама дурӯғ ҳастанд. Ман ҳеҷ гоҳ бо хоҳиши худам ба Тоҷикистон намеравам. Ҳеҷ гоҳ , рафта ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов таслим намешавам. Ҳеҷ гоҳ ин ҳолат аз ҷониби ман нахоҳад шуд».
Шарофидддин Гадоев бо муроҷиат ба мардум мегӯяд: «Агар раваду ман дар он ҷо таҳти шиканҷаҳо, фишорҳо ва таҳти ягон аломатҳои дигар, дар ягон сабти видеоӣ нисбати ин ё он, ягон харакат, гурӯҳ, шахсият гӯям, аз шумо хоҳиш мекунам, ки ин видео бояд сарчашмаи ҳуқуқӣ дошта бошад, ки ман дар озодӣ бошам ва озодона баён карда истодаам».
Дар идомаи сӯҳбаташ роҳбари ҷумбиши «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» даъват ба амал оварда мегӯяд: Аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки дар ҳолати кушта шудани ман, ё худ зиндон шудан, ё ғайб задани ман , шумо бояд натарсед аз ин ҳолат. Ҳамчунин аз созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳиш мекунам, ки аз қазияи ман , агар дар зиндон бошам, пайгирӣ кунанд. Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои Урупоӣ ва ҳамчунин кишвари Ҳолланд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаашро дар даст дорам ва таҳти ҳимояи байналмиллалӣ қарор дорам, хоҳиш мекунам, ки аз ҳаққу ҳуқуқҳои ман дар оянда дифо кунанд.
Ба тамоми созмонҳои байналмиллалӣ имрӯз ваколат медиҳам ва ба тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз ваколат медиҳам, ки аз номи ман даъво кунанд ва аз хуқуқҳои ман дифоъ кунанд. Шумо — созмонҳои байналмиллалӣ пурра, комилан ҳақ доред, ки аз номи ман дифоъ кунед. Шумо хуқуқи парвандаҳои маро дар оянда пешбарӣ кардан доред. Ва бино бар ин аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, ки нисбати қазияи ман бетараф набошед ва қазияи маро пайгирӣ кунед. Барои озод шудани ман аз зиндони ин золим, тамоми ҳуҷҷатҳои минбаъдаро ба дӯстонам, ки феълан дар дасти онҳо аст ба созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод кунед.
Ҳамаи он ҳолате, ки болои ман рух медиҳад, онҳо сиёсӣ ҳастанд ва куштори ман, гум шудани ман, ин ҳама падидаҳои сиёсӣ доранд. Ташаккури зиёд, Худо нигаҳдори ҳамаи шумо бошад ва умедвор ҳастам, ки рӯзе Худованд мову шуморо ба рӯзҳои нек мерасонад. Ташаккур ба ҳамватанони азиз!»