Писари 12 солаи Гулдона Насримова, ки ҳамроҳ бо духтари 14-солааш дар садамаи шоҳроҳи Рязан ҳалок шуда буданд, рӯзи сешанбе ҷарроҳӣ шудааст. Ӯ дар клиникаи бачагонаи шаҳри Рязан, шӯъбаи шикастабандӣ қарор дорад.
Дар натиҷаи садама ҳарду пои Ҷовидон шикаста буд. 13 август пойҳояшро ҷарроҳи кардаанд ва барои ҷабира бастан табибон омодагӣ мебинанд.
Ҷовидон худашро хуб ҳис мекунад. Муҳоҷироне, ки дар Рязан қарор доранд, зуд-зуд аз ӯ дидан мекунанд.
Ҷовидони 12-сола ҳамроҳ бо хоҳараш Назира ва модараш Гулдона Насримова бояд ба Тоҷикистон бармегаштанд, вале дар роҳ Назираву модараш ба ҳалокат расиданд Ҷовидон маҷруҳ шуд.
Тобути модару духтар шоми 8-уми август ба Тоҷикистон бурда шуд.