Дар ҳоле, ки Тоҷикистон соҳаи авиатсияро ба монополияи Оила табдил медиҳад, Ӯзбекистон ин соҳаро пурр аз монополия озод карда, роҳҳои ҷалби лоукостерҳо ва дигар ширкатҳои ҳавопаймоиро ба фурӯдоҳҳо пайдо кардааст.
Азиз Абдуҳакимов, муовини сарвазири Ӯзбекистон гуфтааст дар фармони раисҷумҳури ин кишвар “Дар бораи чораҳо барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ” чанд роҳи рушди ширкати Uzbekistan Airports, ки ҳамаи фурӯдгоҳҳоро идора мекунад, пешбинӣ шудааст.
“Минбаъд ба ҳамаи фурӯдгоҳҳои Ӯзбекистон ҳақи мустақилона муайян кардани нарху ҳазинаи хидматрасонӣ ба ҳиркатҳои ҳавопаймоии хориҷиву дохилӣ дода шудааст. Ҳамчунин онҳо худашон метавонанд бар мабнои рақобатӣ бо ширкатҳои маҳалливу хориҷӣ барои воридсозии сӯзишвории авиатсионӣ ва дигар маводҳои сӯхту молиданӣ шартнома банданд ва бо ширкатҳои ҳавопаймоии маҳалливу хориҷ барои парвоз ба ин фурӯдгоҳҳо, аз ҷумла парвозҳои транзитӣ ҳартнома банданд” – гуфт Абдуҳакимов дар нишасти хабариаш дар Тошканд.
Ӯ илова кард, ки муддати тӯлонӣ фурӯгоҳҳои ин кишвар, ки ба ҳайати ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон шомил буданд, вазъи асафборе доштанд.
“Бояд ошкоро гуфт, ки фурӯдгоҳҳои мо рақобатпазир набуданд, мушкилоти ҷиддие дар таъмини онҳо бо авиакеросин вуҷуд дошт. Қимате, ки онҳо барои хидматрасонӣ ба ширкатҳо хориҷӣ муқаррар карда буданд, бисёр боло буд, бинобар ин онҳо ҳатто бо фурӯдгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя рақобат карда наметавонистанд. Мл медидем, ки тавассути фурӯдгоҳҳои Ошу Чимкент парвозҳои зиёде анҷом мешавад. Бештар аз ин мегӯям: ӯзбекистониҳои зиёде барои парвоз ба хориҷ аз ин фурӯдгоҳҳо истифода мекарданд, чун парвоз ан ин фурӯдгоҳҳо хеле арзонтар буданд” – таъкид кард муовини сарвазир.
Чораҳои нав барои бунёди фазои рақобатӣ ва поён бурдани қимати хибматрасонӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки хостори парвоз тавассути Ӯзбекистон мешаванд, кӯмак мекунанд.
“Метавон умед баст, ки дар ояндаи наздик шумори зиёди хатсайрҳои нав аз тарафи ширкатҳои хориҷӣ ба Ӯзбекистон боз хоҳанд шуд, хулоса кард ноиби сарвазир.
Гуфтанист, ки Ӯзбекистон аз 1 октябри 2019 режими “осмони кушод”-ро дар чанд фурӯдгоҳи ин кишвар роҳандозӣ мекунад. Ин ба дилхоҳ ширкат иҷоза медиҳад, ки ба ин фурӯдгоҳҳо бидуни ҳеҷ маҳдудияте парвоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон чанд сол аст, ки ба самти муқобил ҳаракат мекунад. Воридони авиакеросин пурра монополияи Ҳасан Асадуллозода буда, қимати фурӯшашро ӯ шахсан муайян мекунад, ки аз қишварҳои ҳамсоя 30-40 дарсад гаронтар аст. Нархи хидматрасонии фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон низ яке аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон мебошанд.
Аз тарафи дигар рақобат дар парвозҳо низ пурра маҳв шуда, дар фазои кишвар танҳо як ширкати ҳавопаймоӣ – Сомон Эйри Ҳасан Асадуллозода боқӣ мондааст.
Тибқи хулосаи коршиносон агар қаблан қисме аз мусофирони тоҷик тавассути фурӯдгоҳҳои Қирғизистон парвоз мекарданд, пас аз боз шудани сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон қисмати дигар тарҷеҳ медиҳанд аз фурӯдгоҳҳои ин кишвари ҳамсоя павоз кунанд. Идома ёфтани ин раванд метавонад ин соҳаи муҳими кишварро пурра фалаҷ кунад.