Categories Pressa

Абдурозиқ: Бо ёрии Салман Хан забони ҳиндӣ омӯхтам


Абдурозиқ Эгамов, сароянда ва блогери машҳури тоҷик баъди 4 сол ба Ватан омад. Блогер мегӯяд, ки ба Ватан барои аёдати волдайнаш омадааст. “Деҳаро ёд кардам, хешу таборро низ. Ватан дигар аст” – мегӯяд Абдурозиқ Эгамов.

Абдурозиқ дар суҳбат ба “Азия плюс” гуфт, ки дар хориҷи кишвар бештар машғули корҳои эҷодӣ буд ва дар шоу-барномаҳои ҳиндӣ ширкат меварзид. “Шукронаи Худо корҳо нағз пеш меравад. Чандрӯза ба Тоҷикистон омадам. Боз меравам ба хориҷа. Ҳозир бештар шоу-барнома сабт дорем, шоуҳои ҳиндӣ”.

Абдурозиқ мегӯяд, ки дар оянда сурудҳои ҷадидашро низ сабт хоҳад кард. 

Яке аз воқеаҳои муҳими зиндагии Абдурозиқ дар ин авохир ошноии ӯ бо ситораи кинои ҳинд Салман Хан буд. Ӯ дар ин маврид мегӯяд: “Дар Дубай бо Салман Хан шинос шудем. Бисёр инсони хуб аст ӯ. Хоксор. Вақте суҳбат кардем, гуфт, ки ту истеъдод дорӣ, дастгирӣ мекунем. Ва баъди чанде маро ба шоу-барномаи “Биг Бос” даъват кард.  Сабти барнома 4 моҳ идома кард. Ин шоу мисли шоу-барномаи “Дом 2”-и телевизиони Русия аст, яъне дар як ҷой сабт мешавад. Дар ин муддат забони ҳиндӣ ва англисиро ёд гирифтам” -мегӯяд Абдурозиқ.

Абдурозиқ мегӯяд, ки ҳоло ба забонҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикӣ, ӯзбекӣ, туркӣ, англисӣ, ҳиндӣ ва ғайра суруд мехонад.

Абдурозиқ мегӯяд, ки ба овозаҳое ки дар атрофи номаш ҳаст диққат намедиҳад ва ба пеш ҳаракат мекунад. “Дар зиндагӣ инсон бояд каллаи худашро кор фармояд. Ба касоне ки гапҳои безеб менависад ё таҳқир мекунанд, ба онҳо диққат додан лозим не, зеро мисли ҳамонҳо мешавед”-мегӯяд ӯ.

Воқеаи дигаре, ки атрофи номи Абдурозиқ чанде пеш расонаӣ шуда буд, номзад шуданаш бо як духтари араб мебошад. Гарчанде дар шабакаҳои иҷтимоӣ овоза шуда буд, ки издивоҷи онҳо ба наздикӣ баргузор мешавад, вале то имрӯз аз тӯй хабаре нест. Абдурозиқ ба суол дар мавриди издивоҷаш кӯтоҳ посух дод: “Иншоолоҳ издивоҷ мешавад…”

Абдурозиқ мегӯяд, ки қасд дорад дар оянда бештар забон, либос ва фарҳанги тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ намояд. “Деҳа рафта падару модарамро мебинем. Қишлоқро ёд кардем. Баъдан бармегардам. Акнун мехоҳем бештар Тҷикистонро муаррифӣ кунем. Либосҳои миллии тоҷикиро ҳамроҳам мебарам ва ба ҳамагон тоқиҳои тоҷикӣ туҳфа мекунам.”-мегӯяд ӯ.

Абдурозиқ дар Ютюб 1,5 миллион ва дар Инстаграм қариб 8 миллион пайгир дошта, дар саросари дунё ӯро мешиносанд. Ӯ соли гузашта дар давлати Британияи Кабир тарабхонаи худро боз кард. Ҳамчунин аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки раводиди дарозмуҳлати Амороти Муттаҳидаи Арабро соҳиб шудааст.

Блогери тоҷик дар лоиҳаҳои бузург ҳамроҳи ситораҳои ҷаҳон фаъолият кардааст. Дар филме бо ҳунарманди Ҳинд Салмон Хон нақш офаридааст.  Намоҳангҳои ӯро ҳудуди 40 миллион бор боздид кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Эгамов 21 сол дорад. 3 сентябри соли 2003 дар деҳаи Ғиждарваи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Ӯ дар хурдсолӣ бемор мешаваду пас аз он дигар қадаш баланд намешавад. Тибқи иттилоъи манбаъҳои боз ӯ 1 метр қад ва ҳамагӣ 17 кило вазн дорад.

Абдурозиқ аз хурдӣ ба санъат шавқ дошт ва сурудҳои тоҷикӣ ва ҳиндиро бозхонӣ мекард. Пас аз дидани наворе дар шабакаи Instagram, ки дар он Абдурозиқ суруд мехонд, репери тоҷик Барон ӯро ба ҳамкорӣ даъват кард. Абдурозиқ дар як муддати кӯтоҳ шуҳратманд шуд, вале дере нагузашта ҳамкориаш бо Барон қатъ гардид.

Абдурозиқ пас аз набардаш бо блогери доғистонӣ Хасбуллоҳ Магомедов, ки ҳамқаду баст бо хадаш аст, дар ҷаҳон шуҳрат ёфт. 

Ӯ феълан яке аз ситораҳои оламшумул аст ва бо ҳунармандони ҷаҳонӣ ҳамкорӣ дорад.

Бахтовар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *