Рубрики Хабарҳо

Номаи оҷили Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар Вена ба СММ

Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистони мустақар дар Вена имрӯз, 13.12.2023, талаби оҷиле барои ҷилавгирӣ аз депорти Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ба Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Женева фиристод.

Дар ин номаи оҷил омадааст, дар сурати ихроҷи Абдуллоҳи Шамсиддин ба Тоҷикистон ӯ ба мисли Ҳизбуллоҳ Шовализода ба маҳзи вуруд боздошт ва шиканҷаву зиндонӣ хоҳад шуд.

Дар охир ин созмони ҳуқуқӣ аз Дафтари ҳуқуқи башари СММ хостаат, ки дар ин қазия ҳарчӣ зудтар дахолат кунад ва аз истирдоди ин фаъоли тоҷик ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад.

Гуфтанист, субҳи дирӯз Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шамсиддини Саид аз тарафи пулиси Олмон боздошт шуда ва ба ӯ хатари истирдод таҳдид мекунад. Пулис кӯшидааст Абдуллоҳро бо парвозе, ки дирӯз анҷом шуд ба Тоҷикистон фиристад, аммо муваффақ нашудааст.

Шамсиддин Саид ба “Паём” гуфт писараш Абдуллоҳро субҳи дирӯз аз ҷои истиқоматаш боздошт карда ва ба самти номаълум бурдаанд. То ҳол макони будубоши ӯ ба наздиконаш хабар дода нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *