Нахуствазири Бритониё рӯзи сешанбе эълом кард, ки бо тасвиби як қонуни ҷадид мехоҳад мавҷи муҳоҷират аз тариқи канали Ла-Маншро, ки дар ду соли гузашта ду баробар шудааст, қатъ кунад.
Риши Сунак бо эъломи стротежии нав гуфт, ки “паноҳандагони ғайриқонунӣ набояд дар Бритониё монда битавонанд.”
Ӯ қавл дод, ки бозгашти паноҳандагони ғайриқонуниро, ки шумори зиёдашон албаниёианд, сареътар кунад ва расидагӣ ба 150 ҳазор дархости паноҳандагии ақибафтодаро шиддат хоҳад бахшид.
Сунак дар парлумони Бритониё гуфт: “агар шумо ба таври ғайриқонунӣ вориди Бритониё шудаед, набояд дар ин кишвар монда битавонед. Дар иваз, бояд боздошт шуда, сареъ ба кишвари худ ё кишвари дигаре фиристода шавед то дар он ҷо ба дархости шумо расидагӣ шавад.”
Рейтерз гузориш дод, ки вуруди паноҳандагон аз тариқи канали Ла-Манш ба дарди сари бузург барои ҳукумати муҳофизакор табдил шудааст. Ба вижа дар манотиқи коргарӣ дар шимол ва маркази Бритониё, мардум тақсири бекорӣ ва кам шудани хадамоти умумиро ба гардани паноҳандагон меандозанд.
Сунак гуфт, ки як воҳиди ҷадидро барои ҷилавгирӣ аз вуруди паноҳандагон аз канали мазкур ташкил медиҳад ва ононеро, ки ба таври ғайриқонунӣ ворид мешаванд, то замони расидагии ниҳоӣ на дар ҳотелҳо, балки дар паркҳо, хобгоҳҳои собиқ донишҷӯӣ ва таъсисоти ғайриқобили истифодаи низомӣ маскан хоҳад дод.
Ахиран, вазири дохилаи Бритониё вуруди мавҷи паноҳандагон ба Бритониёро ба “ишғол” ташбеҳ кард ва гуфт, ки бисёре аз онон “муҷримон” ҳастанд. Ин изҳорот вокуниши тунди нахуствазири Албаниёро, ки бахши зиёде аз ин паноҳҷуён шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд ба ҳамроҳ дошт.
Сунак гуфт, ки дар моҳҳои оянда садҳо паноҳҷуи албаниёӣ ба кишварашон бозгардонда хоҳанд шуд.
Ин нахустин бор нест, ки ҳукумати Бритониё ваъдаи қатъи мавҷи паноҳҷуёнро медиҳад. Бо ин ҳол, имсол наздик ба 45 ҳазор паноҳҷӯ аз тариқи канали Ла-Манш бо қаиқҳо худро ба Бритониё расондаанд.