Давлати Чин иҷоза дода, ки ду намуна аз воксинҳои эҳтимолӣ вируси коруно рӯйи 1396 нафар тест шавад. Беш аз ҳазор пажӯҳишгар аз ҷумла пизишкони артиши халқ, дар проекти тавлиди воксини коруно дар Чин мушорикат доранд.
Сохт ва арзаи як воксин маъмулан чанд сол тӯл мекашд ва чанд марҳала дорад. Дастгоҳҳои назоратӣ ва масъул танҳо дар мавориде муҷаввизи озмоиши воксини ҷадид рӯйи инсонро медиҳанд, ки асарбахшии дору дар озмоишгоҳҳо ва рӯйи ҳайвонот исбот шуда бошад.
Дар арсаи рақобатҳои ҷаҳонӣ, тавлиди аввалин воксини муассири алайҳи пондемии коруно, ба маънои эътибори илмӣ, престиж ва пул хоҳад буд. Як моҳ қабл, як узви академияи улуми Чин гуфта буд, ки ин кишвар барои тавлиди воксин кируно аз соирин ақиб нахоҳад афтод.
Рӯзи сешанбе 14 апрел, Чин аввалин гом дар ростои ин ҳадафро бардошт. Мақомоти ин кишвар муҷаввизи озмоиши болинии ду воксини эҳтимолиро содир кардаанд. Яке аз ин ду, тавлиди муштараки озмоишгоҳи таҳқиқотии “Институти вирусшиносӣ” ва ширкати давлатии “Синуформ” аст, ки мавриди ҳимояти молии Пекин қарор дорад. Қарор аст ин модда, рӯйи 1396 нафар, ки аз ибтило масун мондаанд, озмоиш шавад. Мақомоти Чин гуфтаанд, ки ду марҳала аз се марҳалаи зарур барои ташхис коромади воксин, ноябри 2021 поён меёбад.
Беш аз ҳазор нафар аз муҳаққиқон ва коршиносони чинӣ муваззаф шудаанд рӯйи ин пружа кор кунанд. Пружае, ки пизишкони артиш низ дар он мушорикат доранд.
Дар марҳалаи тавлиди дуввумин воксини эҳтимолӣ, ширкати доруе Sinovac Biotech мушорикат карда, ки аз зермаҷмуъаҳои Nasdaq, ғӯли бозори бурси саҳоми Амрико аст. Ин ширкат аз авоили моҳи март, воксини марбутаро рӯйи ҳайвонот озмоиш кард ва раванди тавлиди моддаи ахир ҳудуди як моҳ тӯл кашидааст.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ҳаминак озмоишгоҳҳои саросари дунё, саргарми мутолиа ва баррасии 70 дармон ва воксини эҳтимолӣ ҳастанд. Танҳо се намуна аз ин теъдод, аз назари болинии тест шудаанд: ду маврид дар Амрико ва як маврид дар Чин.
Ҳудуди як моҳ қабл, зане 43 сола дар Амрико довталаб шуд, ки воксин эҳтимолии коруно ба ӯ тазриқ шавад.
Пешрафтатарин пружаи тавлиди воксин дар Чин, таҳти сарпарастӣ ва назорати артиш дар ҳамкорӣ бо ширкати Сansino bio сурат мегирад, ки зери маҷмӯаи бурси Ҳонконг аст. Марҳалаи дуввуми озмоишҳои болинии таҳқиқоти ҷорӣ дар ҳафтаи гузашта шурӯъ шуд.
Дар ин миён, як узви аршади академияи улуми Чин эълом карда, ки маҳдудиятҳои мавҷуд ва мамнуъияти таҷаммӯъ ва маросими як то ду сол идома хоҳанд дошт. Жонг Буле, ки раиси донишгоҳи Тён Шин, донишгоҳи улувви пизишкии суннатии Чин аст, ёдовар шуда, ки набояд аз раванди тавлиди воксин интизори мӯъҷиза дошт.