Дар Сафеддара “Эко-пойга барои пиряхҳо” баргузор мешавад

Дар Маҷмааи лижаронии Сафеддара рӯзи 1 июн “Эко-пойга барои пиряхҳо” (Eco-Run For Glacier) доир мегардад.
Чорабинӣ дар доираи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, ҳадафи он ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Мусобиқа дар масирҳои зебоманзари Сафеддара, воқеъ дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр ва 50 километр дуртар аз Душанбе сурат мегирад. Пойга аз чунин марҳилаҳо иборат аст:
Challenge Mountain – 5 км: масири душвор бо баландшавӣ аз 2200 то 2900 метр;
Экиден (эстафета) – 5 км: даста иборат аз 4 нафар, ки ба ҳар кадоми онҳо 1250-метрӣ рост меояд;
Масири яхбандӣ – 1600 метр: масири ҳамвор дар баландии 2200 метр.
Дар пойга Каролин Глайх, фаъоли маъруфи иқлим ва лижарони касбӣ ширкат хоҳад кард.
Мусобиқа 7-8 соат давом мекунад. Иштирок дар он озод аст, вале довталабон бояд дар ҳолати хуби ҷисмонӣ бошанд ва масъулияти шахсиро бо имзои шахсӣ пеш аз оғози пойга эътироф намоянд.
Иштирокдорон бояд соати 07:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ шаванд.
Таъкид мегардад, ки пойгаи мазкур як иқдоми рамзӣ барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа нисбат ба хатарҳои обшавии пиряхҳо аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube