11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои сулҳдӯст 18 зина боло рафт


Созмони Vision of Humanity натиҷаҳои раддабандии кишварҳои амн ва сулҳдӯст дар соли 2024-ро нашр кард. Тибқи он, Тоҷикистон миёни 163 давлат дар зинаи 72-юм қарор гирифтааст.

Мавқеи Тоҷикистон дар ин феҳрист нисбат ба як соли пеш 18 зина боло рафта, байни Камбоҷа ва Ангола ҷой гирифтааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар зинаи 59, Узбекистон — 60, Қирғизистон — 78 ва Туркманистон — 83 мавқеъ гирифтанд.

Дар панҷгонаи кишварҳои сулҳдӯсттарин Исландия, Ирландия, Австрия, Зеландияи Нав ва Сингапур қарор гирифтаанд. Яман бошад, зинаи охирини феҳристро ишғол намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *