Рубрики Хабарҳо

Таърихи пайдоиши пул

Дар мавзӯи имрӯза оиди доду гирифти пулҳо, хариду фурӯши асъор, сомон бо дуллор, рубли русӣ бо пули миллӣ ва масъалаҳои мутааллиқ ба мубодилаи асъор бояд мегуфтем, вале чун мавзӯъ комилан ба пулҳои коғазӣ робита дорад, бо ҳам оиди пайдоиши пул ва низоми сохтани пул дар оламро дида мебароем.

Пулҳои коғазие, ки имрӯз дар ҷаҳон асоси моликият аст, василаи доду гирифт, хариду фурӯш, сабаби асосии сарвати инсон аст, кай ва чӣ гуна дар олам пайдо шудааст?

Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар солҳои аввали пайдоиши инсон дар кураи Замин инсонҳо хариду фурӯши маблағӣ надоштанд. Барои колоеро ба даст овардан колои дигаре медоданд. Низоми харидуфурӯш неву низоми иваз ба истилоҳ бартер вуҷуд дошт. Барои мисол  шахсе ба шахси дигар даҳ кило гандум медод ва ба ивазаш миқдоре аз пусти ҳайвонро мегирифт. Шахсе як сар чорвояшро ба шахси дигар медод, ба ивазаш миқдоре аз хӯрокворӣ, гандум ва ё ҷав мегирифт. Тамоми доду гирифт дар байни мардум бо иваз кардани коло суръат мегирифт.

Аммо ин намуди додугирифти бартерӣ барои ҳама муносиб набуд, ба роҳҳои дур кашонидани колои вазнин, ба мардум душворӣ мекард. 

Мардум барои худ низоми дигаре барои доду гирифт ихтироъ карданд, низоме, ки дар он колои махсусеро. ҳамчун пул истифода мекунанд. Кадом колое, ки мардум ба он зиёдтар иҳтиёҷ дошта бошанд. он коло ҳамчун пул истифода мешуд. Минтақаҳое, ки дар онҷо гандум асоси даромаду иҳтиёҷи мардум аст, гандумро, ҳамчун пул истифода мекарданд. Ҳар колое, ки мехариданд, бо гандум мехариданд. Гандум медоданд, чорво мехариданд, гандум медоданд, пашму пӯст мехариданд.

Дар баъзе мантиқаҳо пӯсти ҳайвон, ҳамчун пул истифода мешуд, барои харидани коло пусти ҳайвон медоданд.

Аммо ин намуд низоми пулӣ низ барои мардум душвор буд, зеро аз якҷо ба ҷои дигар кашонидани гандум низ осон нест. Дар вақти аз шаҳре ба шаҳре интиқол шудан, мардум машаққати зиёд медиданд.

Бо васеъ шудани шаҳрҳову ҳукуматҳо, зиёд гаштани аҳолиии кураи Замин, мардум ба хулосае омаданд, ки бояд пули худро ба пули сабуктар иваз кунанд. Пуле, ки ҳам бардоштанаш сабук бошад, ҳам арзиш дошта бошад. Ин бор ба ивази гандуму пӯст тиллову нуқраро барои худ пул қарор доданд. Чаро маҳз тиллову нуқра? Барои он ки тиллову нуқра аз пайдоиши худ сар карда, дар худ арзиш дорад, ҳамчун ҷавоҳирот истифода мешавад ва табиатан дар байни мардум боарзиш аст. Аз тарафи дигар сабук аст ва захира карданаш низ осон аст. Ҳамин тавр тиллову нуқра дар байни тамоми мардуми рӯи замин, ҳамчун пул шинохта шуд. Бо ҳамин дар рӯи замин системаи пулҳои маъданӣ пайдо шуд. 

Системаи пулҳои маъданӣ дар аввал, ҳамчун сиккаву танга шакли хос ва ҳаҷми муайян надошт. Мардум барои харид нуқраву тиллои гуногунро истифода мекарданд. Тиллое, ки ҳамчун пул истифода мекарданд, сифати баланд дошт ё поён, ангуштар буд ё порчаи тилло ҳеҷ фарқе намекард. Миҳим ин буд, ки маблағи пули ниқра ва ё тилло бошад. Дар вақти  гирифтани тиллову нуқра онро вазн мекарданд.

Сипас, дар баъзе давлатҳо ба тилло, дар баъзеи дигар ба нуқра сиккаи махсус заданд ва бо ҳамин нуқраву тилло  шакли пулии тангаро гирифт. Ҳар як давлат ба сиккаи худ мӯҳри давлатии худро заданд. Ҳар як танга ба вазни худ нигоҳ карда, арзиши худро дошт. Дар баъзе китобҳои таърих омадааст, ки аввалин кишваре, ки ба тиллову нуқра сикка зада, ҳамчун танга сохтааст, ин кишвари Чини ҳамсоя аст. Чиниҳо ҳанӯз дар асри ҳафтуми пеш аз милод тангаҳои махсуси худро сикка зада буданд. Дарвлат бо мӯҳри махсуси худ ба тиллоҳо мӯҳр мезад. Мардум тиллоҳои доштаи худро ба назди ҳукумат меоварданд, давлат ба он мӯҳр мезаду тангаи сохташударо ба соҳибонаш бармегардонид.

Дар баъзе давлатҳо танҳо тангаҳои тиллоӣ истифода мешуд, дар баъзеаш тангаҳои нуқрагӣ, дар баъзеи дигар бошад, ҳам тангаи тиллоӣ. ҳам нуқрагӣ истифрда мекарданд.

Аммо низоми пулҳои маъданӣ низ баъзе мушкилиҳоро эҷод кард. Барои он ки нархи тиллову нуқра дар ҳар кишвар арзиши худро дошт. Дар баъзе кишварҳо як тангаи тиллоӣ баробари понздаҳ тангаи нуқрагин буд, дар баъзеи дигар як тангаи тиллоӣ баробари шонздаҳ тангаи нуқрагӣ буд. Дар Амрико масалан як тангаи тилло баробари понздаҳ тангаи нуқра буд, дар аврупо бошад як тангаи тилло арзиши шонздаҳ тангаи нуқраро дошт. Инро дида баъзе тоҷирони Амрикои тиллоҳои амрикоро ба Аврупо меоварданд ва дар инҷо бо нуқра иваз карда, нуқраҳоро ба Амрико мекашонданд, он ҷо бо тилло иваз карда, бори дигар ба Аврупо меоварданд. Ин боис гашт, ки миқдори зиёди тиллои амрико ба Аврупо дохил шавад. Сипас, Амрико соли 1834 милоди нархи тангаи тиллоро баробари шонздаҳуним тангаи нуқра кард, то ки тиллоҳои аз даст рафтааш боз гарданд, дар натиҷа тоҷирҳо аз Аврупо ба Амрико тилло меоварданд ва дар инҷо бо нуқра иваз мекарданд.

Аз тарафи дигар агарчӣ нуқраву тилло вазни сабук дорад ва бародуру кӯчи инҳо нисбатан осон аст, аммо дуздидани нуқраву тилло хеле осон аст. Барои сарватмандон дар хонаи худ захира кардани миқдори зиёди тиллову нуқра хатарнок буд. Барои он ки тиллуву нуқраи худро дар ҷойҳои амон захира кунанд, сарватмандон ба дасти баъзе шахсони амонатдор, ҳамчун амонат мегузоштанд, то аз тиллои онҳо нигоҳбонӣ карда шавад. Шахсоне, ки нигоҳбонии тиллову нуқраи сарватмандонро бар ӯҳда доштанд, дар вақти ба амонат гирифтани тилло,чекеро ҳамчун васиқа,(аҳдномаи нигоҳдарӣ) ба дастӣ соҳиби тилло медоданд. Амонатдорони тилло, ҳамчун бонкҳои махсуси нигоҳбонии маблағ шинохта шуда буданд.

Мардум ба бонкҳои амонатдорӣ хеле бовар доштанд. Ҳар нафаре, ки бо худ тангаи зиёд дошт, ба дасти бонкҳо медоду бар ивазаш чек мегирифтанд. Ҳар вақте, ки мехост чекро ба бонк  бар мегардониданд ва тангаҳои худро пас мегирифтанд. Ҳар як чеки аз бонк гирифта шуда, арзиши тиллоро дошт, зеро бар ивази ҳар як тангаи тилло чек дода мешуд.

Баъзан дар вақти хариди колое, сарватмандон ба ҷои тангаи тилло додан, ба фурӯшанда он чеки дар дасташ бударо медод. Фурӯшанда он чекро ба бонк бурда аз онҳо тангаи тилло мегирифт. Бо мурури замон мардум он қадар ба он чекҳо бовар карда буданд, ки дар хариду фурӯш беягон шубҳа он чекҳои коғазиро истифода мебурданд. Медонистанд, ки дар хазинаи бонк бар ивази ҳар як чек тилло вуҷуд дорад, ҳар вақте, ки хостанд он чекҳои дар даст доштаашонро бо тиллои дар хазинаи бонк буда, иваз мекунанд. Ин бидояти пайдошавии пулҳои коғазӣ буд. Вале дар аввал ин чекҳое, ки ҳамчун пул истифода мекарданд шакли хос надошт. Муҳим ин буд, ки шахси дар даст ин чекро дошта, шахси боваринок бошад ва аз бонки машҳур ин чекро гирифта бошад. Инчунин фурӯшанда ҳақ дошт, он чекро  қабул накунад. Баъзан фурӯшанда аз харидор талаб мекард, ба ҷои он чек худи тангаи тиллоро аз иҳзор кунад. Харидор низ қабул мекард.

Дар оғози асри ҳабдаҳ вақте мардум хеле зиёд чекҳои бар ивази тиллоашон гирифтаро истифода карданд, баъзе бонкҳо қарор карданд, коғазҳои махсусро бо сурати пул чоп кунад. Ба ҷои чекҳои гуногунро ба мардум додан, ба ҳама чекҳои якхела бо шаклу ҳаҷми якхела диҳанд. Мегӯянд, аввалин давлате, ки чекҳои бар ивази тангаи тилло медодаашро  ба коғазҳои пули иваз кард ва ба ҷои чекҳо пулҳои коғазӣ чоп кард, ин кишвари Шветсия мебошад. Дар он замон ҳар як пули коғази арзиши сад дар сади тиллоро дошт. Зеро бар ивази як тангаи тилло як пули коғазиро бонк ба дасти шахсони тиллояшро ба амонат гузошта медод. Ҳар як инсоне, ки дар даст пули коғази дошт медонист, ки ба ивази ҳар як пули доштааш дар бонки давлатӣ тилло дорад. Ҳар вақте ки хост, пулро ба бонк бармегардонад ва тиллои дар бонк доштаашро бозпас мегирад.

Албатта, сипас ин низом тағйир ёфт ва ҳар як пули коғази арзиши тиллоро алъон надорад. (Давом дорад)

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *