11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Муросо бо ҳамсоя, ҷузъи саодати мост

Одатан дар урфи мо, тоҷикон омили саодату бахти инсонро дар издивоҷи муваффақ медонанд. Ҳар касе, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда бошад, ӯро бо калимаи бебахт ва ё бадбахт ном мебаранд. Дар ҳақиқат яке аз сабабҳои асосии хушбахтии инсон ҳамсари солеҳ аст. Бо ҳамсари солеҳ тамоми мусибатҳои дунёро метавон ба осонӣ гузаронд ва рӯзҳои шодиро бо сафову самимият сипарӣ кард.

Агарчӣ сирри хушбахтӣ, албатта пас аз имон ба Аллоҳ, ҳамсари солеҳ бошад, инҷо шохаҳои дигари хушбахтӣ низ вуҷуд доранд, фарзандони накӯкор, дӯстони ҳақиқӣ, касби хуб, хешовандони батавфиқ инҳо ҳама ҷузъе аз саодати мо мебошанд. Дорои ҳамсояи хуб будан низ яке аз шохаҳои саодати дарахти умри мо аст.

Чӣ қадар инсонҳое ҳастанд, ки дар ҳамсоягии инсонҳои бад зиндагӣ доранд, аз дасти ҳамсоя азият мекашанд, ҳатто ҳозир ҳастанд аз дасти ҳасоя хонаи худро фурӯшанд.

Иддаи дигаре бошад, он қадар ҳамсояҳои хуб доранд, ки ҳозир ҳастанд, тамоми умр дар хонаи якутоқа зиндагӣ кунанд, то ҳамсояҳои хуби худро аз даст надиҳанд.

Агарчӣ ислоҳи комили ҳамсоя дар дасти мову шумо нест, аммо роҳҳои муросо бо ҳамсоя, тарзи дурусти рафтор бо ҳамсоя метавонад, сабаби ислоҳи ҳамсоя ва якдигарфаҳмии мо гардад.

Оиди аксари ҳуқуқҳои ҳамсоя сӯҳбатҳо доштем, биёед бақияи ҳуқуқҳои ҳамсоя ва баъзе роҳҳое, ки калиди қалби ҳамсоя аст, имрӯз баррасӣ кунем.

Ҳамсояи бад, бо ҷангҷолҳои бардавом, бо суханчиниву намоммии худ, ҳаёти моро сиёҳ мекунад.

Дар муҳоҷират бошад, аксари ҳамватанони мазлуми мо ба сабаби шикоятҳои пай дар пайи ҳамсоя, борҳо хонаро иваз кардаанду ҳатто аз  Русия ихроҷ ҳам шудаанд. Дар арабҳо мақолаи машҳуре аст:

الجار قبل الدار

Ҳамсоя пеш аз хона.

Пеш аз хонаеро интихоб кардан, ҳамсояи хонаатро интихоб кун.

Дар шароити имрӯза хонаву  ҳамсояи хубро дар як замон пайдо кардан, хусусан дар Русияву кишварҳои муҳоҷират осон нест.

Барои амну оромии худамон, барои ҳаёти осоиштаву бенизоъ доштан, аз ҳама пеш бояд бо ҳамсояҳи ҷои зистамон роҳи муросоро пайдо кунем. Махсусан, дар муҳоҷират бо ҳамсояи худ муомилаи хуб дошта бошем, то алаҳи мо иқдом накунад, ба полис шикоят кардану, зуд зуд ба дари хона бо чеҳраи ғазабнок пайдо шудани ҳамсоя аксари муҳоҷиронро ба дод овардааст. Вақте бо ҳамсояҳои худ муомилаи хуб доред, осудахотир метавонед, зиндагӣ кунед.

Ҳадия додан

Инсон аз кӯчакӣ гирифтани ҳадияро дӯст медорад, кӯдаке нест, ки баробари тӯҳфа гирифтан, хурсанд нагардад. Бузургон низ ҳадия гирифтанро, дӯст медоранд. Як ҳадияи кӯчак метавонад, сабаби шодии инсон гардад. Дар рӯзҳои ид, дар рӯзҳои тую шодӣ, ҳатто беягон рӯзи махсусу маҳдуд додани ҳадия ба ҳамсояро фаромӯш накунед. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

تحهادوا تحابوا 

Ба ҳамдигар ҳадия диҳед, ҳамдигарро дӯст хоҳед дошт.(Байҳақӣ)

Кӯчактарин ҳадия ба ҳамсоя сабаби хурсандии ӯ мегардад. Агар ҳамсоя кӯдак дошта бошад, ба фарзандони ҳамсоя зуд-зуд ҳадияҳои кӯдакона диҳед. Шарт нест, ҳадия ҳатман гаронбаҳо бошад. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Бухорӣ мегӯянд:

يا نساء المسلمات لا تحقرن جارة لجارتها و لو فرسن شاة

Эй занҳои мӯъмина ба ҳамсояи худ камтарин ҳадия, ҳатто устухони камгӯшт бошад ҳам, ҳақиру кам нагуфта ҳадия кунед.

Ҳадия ва тӯҳфаҳои шумо ба ҳамсоя дарак медиҳад, ки дар бараш инсони хайрхоҳу самимӣ зиндагӣ дорад. Аз тарафи дигар ӯ низ ҳадияҳои шуморо беҷавоб намегузорад. 

Ба хонаатон меҳмон омад, дастархони зиёфат оростед, агар имкон дошта бошед ба назди меҳмонатон ҳамсояро низ даъват кунед. Агар имкони даъвати ҳамсояро надоред, хонаатон танг аст ва ё меҳмонатон бо ҳамсояаатон мушкилӣ дорад, дар ин вақт ба ҳамсояи худ аз таоме, ки ба меҳмон ҳозир кардед, дароз кунед. Ин одоби шумо, хушрафторву маданиятнокии шуморо нишон медиҳад.

Ба хонаи худ даъват кардани ҳамсояи ғайримусалмон дар дини мо ҷоиз мебошад, агар ба хотири даъвати ӯ ва ё ҳатто барои некӣ кардан ба ӯ, ба хона даъват кардед, албатта аҷр мегиред.

Дар китобҳои ҳадис омадааст, ки яҳудизане гоҳ-гоҳ ба назди ҳазрати Оиша меомад ва боре аз азоби қабр ҳазрати Оишаро хабар дода буд, Паёмбар сухани он яҳудизанро тасдиқ карданд.

Дар вақти рафтуомад бо ҳамсоягон, хусусан ҳамсояи ғайримусалмон бояд ҷониби манфиашро низ ба назар гирем. Баъзе ҳамсояҳо одатҳои бад дорад, бидуни дашномҳои қабеҳ ва ё сигоркашиву алколнӯшӣ истода наметавонанд. Баъзе ҳамсояҳо бошанд, ҳар замоне, ки ба хонаатон омаданд ва ё ба хонаашон рафтед, ғайбати касеро мекунад ва ё кӯшиш мекунад аз шумо сирре фаҳманду ба дигарон фош созанд. Ба хонаи шумо ҳар боре, ки даромаданд, ҳатман зарари худро мерасонанд.

Вақте  ҳамсояи шумо амсоли ин ашхос одату ахлоқҳои бад доранд, дар ин вақт хеле бо эҳтиёт муомила кунед. Аз ҳама пеш кӯшиш кунед, ислоҳ гарданд, бо ахлоқи худ бо пандҳои ҳакимонаву сӯҳбатҳои бериё барои ислоҳаш кӯшиш кунед. Агар аз дастатон коре наомад, дидед, ки шумо аз ӯҳдаи ислоҳи ӯ намебароед, дар ин вақт барои аз шарраш дар амон будан, танҳо бо салому алейк, аҳволпурсӣ, таом додану ҳадия додан бо ӯ дар иртибот бошед, аммо ба хонаи худ даъват карда ва ё ба хонааш даромада барои худ дарди сар эҷод накунед.

Мусибати ҳамсоя мусибати шумост

Вақте ҳамсояи яҳудӣ бемор мешавад, Паёмбар шитобон ба зиёраташ мераванд, ҳол он ки яҳуд бадтарин душмани мусалмонон аст. 

Ҳамсояатон бемор шуд, новобаста аз он, ки ӯ мусалмон аст ва ё ғайримусалмон, солеҳ аст ва ё олудаи гуноҳ, кӣ бошад ҳам аввалин ёрии худро расонед. Ин ҳаққи ӯ аст, вазифаи ҳар як мусалмон аст, ки ба ҳамсояи худ ёрӣ кунад. Харидани дору, ба ёрии таъҷилӣ занг задан, ба бемористон расонидан, ба хешовандонаш хабар додан, ҳарчӣ аз дастатон ояд  барои ҳамсояи беморатон анҷом диҳед.

Дар Тоҷикистон, шукри Аллоҳ моён ҳамеша аз аҳволи ҳамсояи бемор хабар мегирем, ба аёдаташ меравем. Мутаассифона дар муҳоҷират, касе аз аҳволи ҳамсояи бемораш намепурсад. Баъзеҳо, ҳатто кофир аст, мурданаш беҳ гӯён аз бемории ҳамсоя шодӣ мекунанд. Баъзан ҳамсояи мусалмони олудаи гуноҳ бемор мешавад, баъзе хоҳарон мегӯянд, аҳволи ӯро намепурсам, зеро шавҳарам иҷоза намедиҳад ба ҳамсояи бенамозу гунаҳгор, ҳатто салом диҳам.

Дар ҳоле, ки Аллоҳ  дар китобаш мегӯяд:

و لو شاء ربك لامن من في الارض كلهم جميعا افانت تكره الناس حتى يكون مؤمنين

Агар Парвардигорат мехост, тамоми мардумон ҳамагӣ имон меоварданд, мусалмон мешуданд. Магар ту, Эй Паёмбар, мардумро маҷбур месозӣ то имон оваранд. (сураи Юнус ояти 99)

Ҳар як мусалмон, ҳатто Паёмбарон даъватгару роҳнамои роҳи рост ҳастанд, аммо худи ҳидоят, имон овардани мардум ба дасти Аллоҳ аст.

Ҳамсояи мусалмон гуноҳро тарк накард, ғайримусалмон имон наовард, ҳукми ӯ дар назди Аллоҳ аст, мо бошем бояд қарзи ҳамсоягии худро анҷом диҳем.

Фақат бо як аҳволпурсӣ аз ҳамсояи бемор, бо якчанд донаи гул ва ё миқдори ками меваву ширинӣ дили ҳамсоя шод мегардад, ин некии шуморо тамоми умр дар қалбаш нигоҳ медорад.

Агар касе аз наздикони ҳамсоя аз дунё гузашт, ҳатман ба таъзияаш биравед, барояш таслият диҳед, дар ғамаш шарик шавед, мусибати ҳамсоя мусибати шумо, шодии ҳамсоя шодии шумо бошад. 

Муслимаи Аҳмадӣ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *