Охири ҳафтаи гузашта дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе ду нафар ба ҳалокат расиданд.
🚐 23 май, тақрибан соати 18:30, ронандаи автомашинаи “Мерседес-Спринтер”, Наҷибулло Бобоеви 27-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи “Опел-Астра” бархӯрд.
Дар натиҷа, ронандаи “Опел-Астра” Маҳмадшариф Аҳмадови 26-сола дар беморхона ба ҳалокат расид.
🚘 24 май, тақрибан соати 20:23, ронандаи мошини «Айон» Хуршед Алимардонови 27-сола пиёдагард Аминҷон Намозови 29-соларо дар гузаргоҳи пиёдагард пахш кард бо мошини “Мерседес” дигар бархӯрд.
Намозов дар беморхона дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнин ҷони худро аз даст дод. Мақомот тафтишотро аз рӯи ин ду ҳодиса идома медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube