Вазири дороии Арабистон аз омодагии кишвараш барои сармоягузорӣ дар Эрон дар чорчуби тавофуқи ахир миёни Теҳрон ва Риёз хабар дод.
Муҳаммад Абдуллоҳ Ал-Ҷадъон, вазири дороии Арабистони Саудӣ дирӯз чаҳоршанбе тайи суханоне дар нишасти Маҷмаъи байналмилалии санъати молӣ гуфт: раванди сармоягузориҳои мо дар Эрон ба вижа дар пайи дастёбӣ ба тавофуқи ахири байни ду кишвар мумкин аст бисёр сареъ анҷом шавад.
Ал- Ҷадъон изҳор дошт: Эрон кишвари ҳамсояи мо аст ва садҳо соли дигар низ ҳамчунон хоҳад буд. Пеши рӯи оддисозии равобит бо Эрон, ба вижа дар заминаҳои сармоягузорӣ, тавсеа ва иқтисод ҳеҷ монъае намебинам. Мо ва Эрон ба субот ниёз дорем.
Вай ба пойбандии Риёз ба тавофуқи оддисозии равобит бо Эрон ишора карда ва гуфт: мақомоти Арабистони Саудӣ ин тавофуқро бо ҳадафи барқарории субот дар минтақа, расидагӣ ба ниёзҳои мардум ва эҷоди имконоти сармоягузорӣ ва шукуфоӣ имзо кардаанд. Ҳеҷ мушкиле аз роҳандозии ин сармоягузориҳо вуҷуд надорад.
Бар асоси баёнияи муштараки се кишвар, Чин, Арабистони саудӣ ва Эрон рӯзи ҷумъа тавофуқеро барои азсаргирии равобити дипломатики байни ду кишвар ва бозкушоии сафоратхонаҳо зарфи ду моҳ пас аз музокирот бо ҳимояти Чин дар Пекин эълом карданд.