Рубрики Хабарҳо

Мудири кулли СҶТ аз таҳдидҳо ба ҷонаш хабар дод

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз таҳдид шудан ба марг ва тавҳинҳои нажодпарастона ба худ дар чанд вақти ахир хабар дод.

Шабакаи хабарии NBC менависад,  Тедрос Аданом, мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Женев, мақарри ин созмон дар Швейтсария гуфта, ки дар ду ё се моҳи ахир таҳдид ба марг шуда,  тавҳинҳои нажодпарастона дарёфт кардааст.

Тедрос Аданом дар нишасти хабарӣ гуфтааст, “беш аз ду ё се моҳе аст, ки таҳдидҳое дарёфт мекунам. Тавҳинҳои нажодпарастона ба ман медиҳанд ва маро сиёҳ ё Кокосиёҳ меноманд, аммо ман ба сиёҳ будан ифтихор мекунам. Содиқона бигӯям, аҳаммияте ба ин ҳарфҳо намедиҳам… ҳатто ба таҳдид ба марг. Аслан аҳаммияте ба ин маворид намедиҳам.”

Хабари таҳдид ба марг шудани мудири кулли Созмон ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ ин созмонро таҳдид ба қатъи будҷаи солиёна кард. Тромп рӯзи сешанбе таҳдид кард, будҷае, ки Иёлоти мутаҳидаи  Омрико ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ медиҳад, қатъ хоҳад кард.

Мақомоти Созмони ҷаҳонии тадурустӣ рӯзи чаҳоршанбе, иттиҳомоти Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро рад ва таҳдидоти вайро нобаҷо тавсиф карданд.

Онтуниу Гутриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ба ҳамлаи лафзии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба Созмони ҷаҳонии тадурустӣ  вокуниш карда, бидуни ном бурдан аз Тромп гуфт, акнун вақти арзёбӣ кардани наҳваи вокуниши дунё ба ҳамагирии бемории COVID-19 нест. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ барои муқобила бо ин беморӣ таъкид кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *