Рубрики Хабарҳо

Карантини шадид дар бемористони ноҳияи Ҷ. Расулов ва деҳаи Хистеварз. Мақомот вуҷуди вирусро рад мекунанд

400 нафар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба карантин гирифта шуда, рафтуомад ба деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров шадидан маҳдуд шудааст. Мақомот вуҷуди мубтало ба коруноро рад мекунанд.  

29 нафар аз афроде, ки бо марди фавтида дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар тамос будаанд, таҳти карантин қарор доранд, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ. 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд, ки марди 60-сола дар ин ҷо бо диагнози пневмония даргузашт. Мақомоти тандурустии вилоят мегӯянд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коруноиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд. Вале манбаъҳои мустақил мегӯянд, чанде аз афроди зери карантин таби баланд ва гулудард доштаанд.

Бо сабаби карантин шудани беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, беморхонаи минтақавӣ ва табобатгоҳои «Ғулакандоз» ҷамъан зиёда аз 400 нафар карантин шудаанд.

Уткир Ҳабибуллозода, писари шахси фавтида рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, озмоиши луоби амакаш Абдуҷалил Шодиев, мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аввалин шуда, пас аз чаҳор рӯзи даргузашти бародари худ бо шубҳаи коруно ба бемористон муроҷиат кард, пок баромадааст, вале ин шахс ҳамоно дар бемористон нигаҳдорӣ мешавад ва шояд аз санҷиши дувум гузарад.

Аммо, ба гуфтаи як корманди шуъбаи маорифи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, пас аз Абдуҷалил Шодиев панҷ корманди ин шуъба, ба шумули муовини раис, низ бо таби баланд ба бемористон муроҷиат карданд. Бархе аз онҳо озмуда шуданд ва натиҷаҳо манфиянд, вале сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Дилмурод Раҳматуллоев мегӯяд, барои эҳтиёт ҳатто се маротиба бояд санҷиш гузаронд.

Дар ин байн Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, ки озмоиши такрории тиббии марди фавтида собит кард, ки ӯ ба бемории КОВИД-19 гирифтор нашуда, балки аз илтиҳоби шуш фавтидааст.

Тибқи иттилоъи “Азия Плюс”бо истинод ба сокинони деҳаи Хистеварзи Ноҳияи Б. Ғафуров  ҳамаи кӯчаву роҳҳои деҳа бо шумули шоҳроҳ ба самти Хуҷанд баста аст. Сокинон танҳо бо роҳи ҷамоати Зарнисор метавонанд ба маркази маъмурии вилоят раванд. Барои пешгирӣа аз алоқа бо қирғизҳо “дар баъзе роҳҳо хандақҳо кофта шуда, дар дигараш сангрезаву шағал рехта шудааст ва дар баъзе ҷойҳо роҳбанд (шлагбаум) гузошта шудааст”.

Ба сокинони маҳаллӣ дастур дода шудааст, ки агар шаҳрвандони Қирғизистонро дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида кунанд, ба ҳукумат хабар диҳанд.

Ҳамчунин сардухтури беморхонаи Хистеварз дар карантин қарор дорад: ӯро пас аз робита бо зани аз Русия баргашта ҷойгир кардаанд.

Худи сардухтури беморхонаи ноҳиявии №1 дар Хистеварз Рӯдоба Мадаминова тасдиқ кардааст, ки пас аз робита бо зане, ки таби баланд дошт, ӯро ба карантин гирифтаанд.

“Занеро барои муоина наздам оварданд, ки таби баланд дошту ошкор шуд, ки дар Русия будааст. Нимаи моҳи март аз Русия баргашта, баъди 13 рӯз табаш баланд ва ба худмуолиҷакунӣ машғул мешавад. Мо ӯро ба беморхонаи сироятӣ фиристода, дар он ҷо ӯро ба карантин гирифтанд. Инчунин 6 нафар аъзои оилаи ӯ, ман ва шахсеро, ки занро барои муоина оварда буд, ба карантин фиристоданд. Зан ва ҳамаи аъзои оилаи ӯ аз тести коронавирус гузашта, натиҷаашон манфӣ баромад”, — гуфтааст Мадаминова.

Раиси ҷамоати Хистеварз Уктам Ҷӯраев гуфтааст ҳамаи ин тадбирҳо ба пешгирии вуруди имконпазири вирус ба кишвари мо равона шудаанд.

“Ягон маҳдудияти сартосарӣ нест, сокинони деҳа озодона равуо доранд. Барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус танҳо баъзе маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷой доранд. Ҳамаамон медонем, ки дар кишвари ҳамсоя ҳолатҳои сироят аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст”, — таъкид доштааст Ҷӯраев.

Дар ҳамин ҳол мақомот вуҷуди мубталоён ба вируси коруно дар Тоҷикистонро рад мекунанд ва мегӯянд то ҳол ҳеҷ гирфиторе ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *