Рубрики Хабарҳо

“Чин намехоҳад ҷойи холии Амрикоро дар Афғонистон пур кунад”

Форин Полиси навишт, ки пас аз хурӯҷи Амрико аз Афғонистон, Чин омода нест нақши барҷаста ва раҳбарикунандаро дар Афғонистон бозӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки Чин бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои амниятии ҷангҷуёни уйғур дар ҳамсоягиаш, ба ногузир бояд ба унвони як қудрати пешқадам дар Афғонистон амал кунад. 

Рафаэл Пантуччи ва Александрус Петерсон дар Форин полиси навиштанд, ки дар гузашта, посухи Чин ба таҳдидҳои амниятӣ аз ноҳияи Афғонистон тақвияти амнияти сарҳадот ва ҷилавгирӣ аз рахнаи ҷангҷуёни уйғурӣ ба хокаш будааст. 

Онҳо меофзояанд: “Чин ҳамеша худро мизбони баҳсҳо матраҳ сохта аммо аз ифои нақши миёнчӣ ҳазар кардааст. Ба баёни дигар, Чин мехоҳад дар қазияи Афғонистон ҳузур дошта бошад, аммо намехоҳад ба унвони як бозигари калидӣ бо дигар бозигарон таомул карда ва ононро маҷбур кунад, ки масоили худро дар робита ба Афғонистон ҳал кунанд.” 

Аз назари онҳо, Чин алоқае ба даргир шудан дар сиёсат ва мушкилоти Афғонистон надорад ва “тасмими стратегиаш ин аст, ки ҳамчунон аз ҳошия вазъиятро нозора кунад.” 

Чин пас аз мушоҳидаи аввалин нишонаҳои хурӯҷи Амрико аз Афғонистон дар соли 2012 сиёсати фаъолеро дар Афғонистон дар пеш гирифт. Аз яксу, равобити худро бо ҳукумати марказии Афғонистон тақвият кард ва аз ҷониб дигар равобиташро бо Толибон густариш дод, ки ба гуфтаи нависандагон, дар манотиқи таҳти контролашон теъдоди зиёде аз ҷангҷуёни мусулмони уйғур ҳузур доштанд. 

Бо ин ки Чин дар давлати пешин ва давлати Толибон суботи Афғонистонро муҳимтарини гузина барои дафъи таҳдидҳои амниятӣ барои худ ба ҳисоб овардааст, аммо аз назари нависандагон, Чин ҳозир нашудааст Толибонро ба расмият бишиносад. Таҳлилгарони чинӣ ба Форин Полиси гуфтанд, ки Чин умеде ба ташкили ҳукумати фарогир тавассути Толибон дар Афғонистон надорад ва вуқӯъи бесуботиро дар ин кишвар пешбинӣ мекунад. 

Пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон, ҳукуматҳои Чин ва Покистон рӯйи пайвастани Афғонистон ба пружаи роҳ ва камарбанд, ва мушаххасан даҳлези иқтисодии Чин ва Покистон сӯҳбат кардаанд. Аммо, Пантуччи ва Петерсон мегӯянд, ки нигоҳи Чин ба Афғонистон ҳанӯз ҳам амниятимеҳвар ва пайванд ба ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ҷангҷуёни уйғурӣ ба Чин аст. 

Аз назари онҳо, мақомот ва сармоягузорони чинӣ аз аҳамияти бозор ва густариш додуситади тиҷорӣ бо Афғонистон борҳо сухан гуфтаанд, аммо дар амал иттифоқи хосе дар равобити ду кишвар рух надодааст. То ҳанӯз аз сармоягузории малмуси Чин дар Афғонистон хабаре нест ва содироти Афғонистон ба Чин ба ҷалғуза маҳдуд аст. Тоҷирони афғон визаи Чинро дарёфт карда наметавонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *