Рубрики Pressa

Тағироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус


Имрӯз, 28 май Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

“Ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик», ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаи ин соҳаҳо таъин гардиданд”,-иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намудаааст.

Таъкид доштааст, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *