Рӯзи 23 октябр гурӯҳи ифротии “Авангард”, ки бо ибтикори Вазорати корҳои дохила сохта шуда, зери чатри ин вазорат амал мекунад, эълон кард дар яке аз ноҳияҳои кишвар мактаб месозад. Бисёриҳо аз ин эълон ба ҳайрат омаданд, зеро ин гурӯҳ, тибқи эътирофи раҳбаронаш, на танҳо дар ҳеҷ ҷое сабти ном нашудааст, балки камтарин буҷаи расмие ҳам надорад.
Имрӯз маълум шуд, яке аз раҳбарни ин гурӯҳ Фирӯзи Маҳмадулло, ки раҳбари дигари “Авангард” Мардихудо Давлатов ӯро “худхонда” меномад бо истифода аз чанд акси аз ҷои сохтмон бардоштааш дурӯғ гуфтааст. Саҳми ин гурӯҳи ифротӣ дар сохтмони ин мактаб ҳамин қадар будааст, ки чанд узви он дар маҷлиси волидони мактаби мазкур ширкат карда, хабардор шудаанд, ки онҳо тасмим доранд мактабро навсозӣ кунанд.
Гуфтанист, раҳбари гуруҳи “Авангард” навишта буд, ки ҷавонони ин гуруҳ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мактаб месозанд. “Инак дар деҳаи Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббус ва иқдомҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва сокинону фаъолони деҳаи мазкур бо роҳи ҳашари дастаҷамона дар нақша ҳаст, ки мактаби миёнае иборат аз 9 синфхона, роҳрав, утоқи маъмурӣ ва толори хурд барои гузаронидани вохӯриҳо сохта ба истифода дода шавад” — эълон карда буд Фирӯзи Маҳмадулло. .
Аммо шуъбаи маорифи ин ноҳия мегӯяд, ки ин мактаб бо маблағгузории Кумитаи падару модарони деҳаҳое, ки мактаб дар он ҷо ҷойгир асту фарзандони онҳо бояд дар ин мактаб таҳсил кунанд, сохта мешавад. Мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Камолов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки бинои мактаби рақами 23-и деҳаи Нури Вахши Ҷамоати ҳамноми ноҳия аз солҳои 50-уми асри гузашта аст ва хеле фарсуда шудааст. “Кумитаи падару модарон бо саҳми худ ва маблағҳои ҷамъовардаашон мехоҳанд ин мактабро созанд”.
Хабаргузорӣ менависад, Абдурасул Нурқобилов, директори ин мактаб, ҳам дар суҳбат бунёди ин мактабро бо маблағҳои Кумитаи падару модарон ва ҳашари сокинон таъйид карда, вале аз саҳмгузории гуруҳи “Авангард” дар бунёди ин мактаб изҳори бехабарӣ кард.
Нурқобилов гуфт, ки гуруҳи “Авангард” танҳо омаданд дар як маҷлиси Кумитаи падару модарон ширкат карданду ба мардум ташаккур гуфтанд, ки ба чунин корҳо даст мезананд. Директори мактаб таъкид кардааст, ки “Ин мактабро Кумитаи падару модарон месозад. Гуруҳи “Авангард” ба сохтмони ин мактаб ягон рабт надорад. Онҳо чӣ доранд, ки дар сохтани мактаб иштирок кунанд. Ин хел гап нест, ки гуруҳи “Авангард” мактаб месохта бошад”.
Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ин гурӯҳ бо ин пуррӯӣ дурӯғе ба ин бузургӣ гуфт ва аз авоқиби ин ки дурӯғаш фош мешавад, андеша накард? Ин ҷуръати раҳбари гурӯҳи ифротии “Авангард” Фирӯзи Маҳмадулло аз куҷо сарчашма мегирад ва чаро ӯ ба худ иҷоза медиҳад кори чанд деҳаву садҳо хонаводаро ба худашу гурӯҳаш нисбат диҳад?
“Авангард” гурӯҳест, ки 5 сол қабл бо ибтикори ВКД сохта шуд ва ҳадафаш “пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ” эълом гардид. Аммо ба зудӣ худи он ба як гурӯҳи ифротие табдил гардид, ки на танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолону озодандешон метозад, балки онҳоро ошкоро таҳдид ба куштан мекунад. Охирин таҳдид ба рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ аст, ки дар як шеъргунае ӯро аз “нест аз реш” кардан ҳушдор дода буд.
Ин гурӯҳ бештар ба таблиғи сиёсати режими Раҳмон дар байни аҳолӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ машғул аст ва табиист, ки аз ҷузъиёти ин сиёсат ва масалан аз “сиёсати бунёдкоронаи пешои миллат” огоҳ аст. Барои фаҳмотар шудани масъала ба хонанда, бояд як бахши ин “сиёсати бунёдкорона” шарҳ дода шавад. Беҳтарин намунаи шарҳи ин сиёсатро аз хабаргузории давлатии “Ховар”, ки мисли гурӯҳи “Авангард” шабу рӯз ба тарғиби ҳамин сиёсат машғул аст. Яке аз бахшҳои ин таблиғ зери рубрикаи “Ҷабҳаи бузурги созандагӣ” қариб ҳаррӯза нашр мешавад ва аз бунёди ҳазорҳо (!) иншооту корхонаҳои ҷашнӣ гузориш медиҳад.
Барои мисол ин забаргузорӣ дар яке аз гузоришҳояш менависад “ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд ва таҷдиди қариб 10 ҳазор иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст… Соли равон бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1376 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 72,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра қариб 5394 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, нақшаи умумӣ 75,0 фоиз иҷро шудааст”.
Дар шаҳри Ҳисор бошад, ба гуфтаи “Ховар” бунёди 767 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, “то имрӯз беш аз 375 адади он мавриди истифода қарор гирифтаанд”.
Дар шаҳри Кӯлоб ба истифода супоридани 873 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 289 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар бораи ин ки инҳо чӣ гуна иншоотанд, “Ховар” аксари вақт хомӯширо ихтиёр кардааст, вале гоҳо зикр мекунад, ки иборатанд аз (бо тартиби “Ховар”) корхонаҳо муассисаҳои таълимию табобатӣ, иншооти таъминкунандаи ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмиру роҳу пулҳо ва ғайра. “Ховар” мутмаъин аст, ки ҳамаи ин иншоот “дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи пешвои миллат” бунёд мешаванд.
Ҳоло агар ба тафсири ин “ҷабҳаи бузурги созандагӣ” пардозем, суолҳои зиёде пайдо мешаванд, ки мутмаъинан на ҳукумат ва на “Авангард” посух дода наметавонанд. Барои мисол, агар ба ин ҳудуди 30 000 иншооти ҷашнии бунёдшаванда 10 нафари коргар ҷалб шуда бошанд, бояд 300 000 нафар ба ҷои кори ҳади ақал муваққатӣ таъмин мешуданд. Ё агар фарз кунем, ки 20%-и ин иншоотро корхонаҳо ташкил медиҳанд, пас ҳудуди 6 000 корхона бунёд шудаанд, ки агар 20 нафариро ба кор гиранд, бояд 120 000 нафар ҷои нави корӣ ташкил мешуд.
Аммо ҳамаи Тоҷикистон медонад, ки ин корхонаҳо чӣ гуна корхонаанд. Даҳҳо ҳолати аз кор мондани ин “корхонаҳо” баъди ду рӯз ҳади аксар як моҳи ифтитоҳашон расонаӣ шудаанд. Охирин мисолаш ҳам ҳамон коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки баъди ба ғилоф гузошта шудани қайчиву даҳ қадам онтарафтар рафтани қайчидори асосии кишвар, аз кор монд.
Дар асл, бунёди ҳади ақал 60-70 дарсади ин корхонаҳо ҳам мисли ба кор шурӯъ кардани ҳамон сехи дӯзандагист. Яъне барои фиреби Қайчидор, то аз бекор мондани қайчияш нороҳат нашавад. Ба ин “иншоотҳои ҷашнӣ” на танҳо сартарошхонаву дӯкони таъмини пояфзор, балки ҳоҷатхонаҳои умумӣ ва ҳатто оғили мардум шомил аст. Ҳукуматҳои ноҳияҳо вазифа гирифтаанд, ки бояд аз бунёди фалон адад иншооти ҷашнӣ гузориш диҳанд. Дар навбати худ, онҳо раисони ҷамоъату деҳаҳоро вазифадор кардаанд. Агар фаразан дар кадом деҳае як дӯкони таъмири пояфзор ё сартарошхона сохта шуд, дарҳол онро ба рӯйхат ворид мекунанд. Дар ноҳияҳое, ки сафари раисҷумҳур дар назар аст, гоҳе хонаҳои мардум ва… оғили онҳоро вориди рӯйхати иншооти ҷашнӣ месозанд.
Барои мисол, як хонандаи Паём аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров менависад, ки ба бунёди хонаи истиқоматӣ машғул буд, ки намояндагони ҳукумати ноҳия омаданд ва гуфтанд, ки ду рӯз қабл аз сафари раисҷумҳур ба девори хонааш як овезаро мечаспонанд ва баъди рафтани Раҳмон онро мекананд. Баъд овезаро мечаспонанд, ки дар он бо кашидани нақшаи хонаи ин сокини ноҳия, навишта шудааст “Бунёди маркази хидматрасонии “Суғдиён”. Ва ҳуҷраҳои хонаи ин шаҳрвандро дар нақша ба коҳонаи ҳусн, мағоза, сехи дӯзандагӣ ва ғайра тақсим кардаанд.
Бо ҳамин шакл, пойдевори оғили як нафарро дар ноҳияи Спитамен ҳамчун пойдевори сехи панирпазӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳоло чаро гурӯҳи “Авангард”, ки бинобар авангардиаш дар таблиғи пешвояш аз ҳамаи ин сирҳо огоҳ аст ва медонад, ки мақомоти дигар чӣ гуна “пешво” ва мардумро фиреб мекунанд, аз ҳамин усул истифода накунад? Раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоъатҳову маҳаллаҳо, вазиру раис ва ғайра ҳақ доранд оғилро сехи панирпазӣ муаррифӣ карда қайчӣ ба дасти пешвояшон диҳанду “Авангард” ҳақ надорад? Вазорати корҳои дохилӣ дар як сол аз даҳҳо амали террористӣ пешгирӣ карда, садҳо террористро боздошт карда метавонаду як “Авангард”-и калон мактаб бунёд кунад, айб аст?
Албатта мардум кайҳо аз ин лофу дурӯғҳои ҳукумат огоҳ гаштаанду ба он аслан гӯш намедиҳанд. Масалан хонандагони хабарҳои “Ховар” аз 100 нафар бештар нестанд.
Аммо ҷолибтарин қисми ин ҳама дурӯғ масхарабозест, ки қайчӣ ба даст ноҳия ба ноҳия мегардад…