Саҳми “Авангард” дар сохтмони мактаб маълум шуд
Фирӯзи Маҳмадулло, раҳбари гуруҳи “Авангард”, як гуруҳи ифротие, ки гуфта мешавад аз сӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пуштибонӣ мешавад навиштаа буд, ки ҷавонони ин гуруҳ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон мактаб месозанд. Аммо маълум шуд саҳми ин гурӯҳи ифротӣ дар сохтмони мактаб бо ширкат дар маҷлисе, ки дар он тасмими сохтмон гирифта шуд, тамом мешавад
Раҳбари гуруҳи “Авангард” 23-юми октябр дар саҳфаи фесбукияш чунин навиштааст: Инак дар деҳаи Нури Вахши ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо ташаббус ва иқдомҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ва сокинону фаъолони деҳаи мазкур бо роҳи ҳашари дастаҷамона дар нақша ҳаст, ки мактаби миёнае иборат аз 9 синфхона, роҳрав, утоқи маъмурӣ ва толори хурд барои гузаронидани вохӯриҳо сохта ба истифода дода шавад”.
Аммо шуъбаи маорифи ин ноҳия мегӯяд, ки ин мактаб бо маблағгузории Кумитаи падару модарони деҳаҳое, ки мактаб дар он ҷо ҷойгир асту фарзандони онҳо бояд дар ин мактаб таҳсил кунанд, сохта мешавад. Мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадшариф Камолов ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, ки бинои мактаби рақами 23-и деҳаи Нури Вахши Ҷамоати ҳамноми ноҳия аз солҳои 50-уми асри гузашта аст ва хеле фарсуда шудааст. “Кумитаи падару модарон бо саҳми худ ва маблағҳои ҷамъовардаашон мехоҳанд ин мактабро созанд”.
Хабаргузорӣ менависад, Абдурасул Нурқобилов, директори ин мактаб, ҳам дар суҳбат бунёди ин мактабро бо маблағҳои Кумитаи падару модарон ва ҳашари сокинон таъйид карда, вале аз саҳмгузории гуруҳи “Авангард” дар бунёди ин мактаб изҳори бехабарӣ кард.
Нурқобилов гуфт, ки гуруҳи “Авангард” танҳо омаданд дар як маҷлиси Кумитаи падару модарон ширкат карданду ба мардум ташаккур гуфтанд, ки ба чунин корҳо даст мезананд. Директори мактаб таъкид кардааст, ки “Ин мактабро Кумитаи падару модарон месозад. Гуруҳи “Авангард” ба сохтмони ин мактаб ягон рабт надорад. Онҳо чӣ доранд, ки дар сохтани мактаб иштирок кунанд. Ин хел гап нест, ки гуруҳи “Авангард” мактаб месохта бошад”.