Сард шуд маҳфили ушшоқ ба дарбори дарӣ,
Мӯъмини шеъри дарӣ рафт ба дарбори Худо…
Исфандиёр
Мӯъмин Қаноъат, яке аз маъруфтарин шоирони ним асри охири кишвар ҳамагӣ ду рӯз қабл аз 86 солагиаш ҷаҳонро падрӯд гуфт. Марги шоири озода ва соҳибмактабу ҳамосасаро миллатро такон дод.
Марги ин шоири бузург бори аввал дар чанд соли охир миллатро ба ҳам овард — аз хурд то бузург, аз зиёӣ то мардикор, аз мулло то атеист ва тарафдорони ҳукумату мухолифони он дар сӯги шоир нишастаанд. Имрӯз ягона мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам реҳлати Мӯъмин Қаноат буд ва то ҳол мемонад — ҳама ҳамдигарро ба ин мусибат таслият мегӯянд. Гурӯҳе пешниҳод кардаанд, ки мотами миллӣ эълон крада шавад.
Бо паҳн шудани хабари марги шаҳсутуни шеъри муосири тоҷик, билофосила шоирон ашъор ва андешамандон гуфторе дар ҳақи ӯ эҷод карданд. Паём кӯшид намунае аз онҳоро ҷамъ оварад:
Исфандиёри Назар:
Ҳеч кас мисли ман намегиряд дар ғарибӣ ба сӯги рафтани ту,
Ҳеч кас мисли ман намесӯзад дар азои сухан ба мурдани ту.
Мӯъмини шеъри порсӣ будан, бо Қаноат, ба порсоӣ кас
Ғайри ту, ғайри ту надонам ман, эй Биҳишти Худой маъмани ту!
Порсӣ — ин забони инсу парӣ, — шакли инсон агар ба худ гирад,
Накунад саҷда ҷуз ба Қиблаи ту, наниҳад сар ба ҷуз ба домани ту.
Ба кадомин ҳамоса ман гирям рафтанатро зи кӯчаи дунё?
Дар кадомин қасида мегунҷад сӯги аз ин ҷаҳон гузаштани ту?
Баъди ту кай бувад Аҳуроӣ шуълаи шабчароғи ин миллат?
Эй Аҳурои шеъри бедорӣ, эй Аҳурои мо Муҳаймани ту!
Мерасад, мерасад ба гӯшам талх, аз ҳама гӯшаҳои шеъру сухан,
Шеване дар рисои пури падар, шеваи нолаҳову шевани ту.
Ҳеч кас, ҳеч кас надорам ман, ки дар ин ҷо ба мурданам гиряд,
Кас ба ман ҷуз худам намегӯяд: ту кӣ ҳастӣ? Куҷост Меҳани ту?
Ҳеч кас ҳамчу ман намесӯзад, ҳеч кас ҳамчу ман намегиряд,
Дар ғарибӣ, ба сӯги мондани хеш, дар ғарибӣ, ба сӯги рафтани ту…
Фирдавси Аъзам:
Шунидам, ки устоди шеъри буланд
Ки буд рӯзгоре каме дардманд
Ба ҳаштоду шаш омаду пар кашид
Дилам хун шуд аз дида ашкам чакид
Дуо мекунем аз Худованди ҷон
Ки шодӣ бубахшад ба рӯҳу равон
Бубахшад ба ҷонаш шукӯҳи дигар
Набахшад ба мо ғуссае бештар
Ки мо худ ба андоза ғам дидаем
Хуширо, дареғо ки кам дидаем
Дилам ғарқи хуну ғамам сипсиёҳ
Ба марги Қаноъат кашам оҳ оҳ!!
Зафари Сӯфӣ:
Ин хабар бароям ун қадар сангин ва андӯҳзо буд, ки соатҳост ба худ намеоям ва наметавонам бар зеҳни худ тасаллут дошта бошам. Шоире озода, Орифе вораста, Инсоне сарбаланд, Марде ҷасур моро тарк гуфт. Дар чунин Рӯзе муборак ва дар чунин Моҳе муборак. Бар ин боварем, ки ин рафтанаш суруше дорад, ки ҷояш биҳишт хоҳад буд.
Устод Қаноат барои ҳамешаҳо дар ёди мардуми тоҷик хоҳад монд ва То ҷовидона Шеърҳояш барои инсонҳо беҳтар буданро хоҳад омӯхт..
Абдуғаффор Камолов:
Имрӯз ҚАЛБЕ аз тапидан бозмонд, ки умре дар ишқи миллату Ватан меҷӯшид, ЗАБОНЕ хомӯш шуд, ки ҳамвора васфи инсону арзишҳои ӯ мекард ва салои бедорию худшиносӣ сар медод, ЧЕҲРАЕ аз миёни мо рафт, ки сутуни адабиёти муосири мо дар дохил ва муаррифи он дар берун аз марзҳоямон буд.
Чанд ғазал аз устод Мӯъмин Қаноъат:
ЛОФИ ВАТАН
Ту лофи Ватан мезанӣ, тани ҷудои ман аст,
Ба он худо, ки қасам мехўрӣ, худои ман аст.
Куҷост раҳрави вораста аз вуҷуди худӣ,
Ки дар висоли ҷамоли худо гадои ман аст.
Ҷаҳони пур аз фитнаю шаре, ки мебинӣ,
Сагест, ки баргашта аз вафои ман аст.
Ҳамин, ки медамад аз шарқ ояти хуршед,
Ба чашми пўшида хон, муждаи дуои ман аст.
БИГЗАРАД
Ҳар шаб аз ёди дилам шоҳи саворон бигзарад,
Ёдҳо чун бодҳои навбаҳорон бигзарад.
Мешитобад аз паси тобут аспи бесавор,
Аз узори гулузорон шохборон бигзарад.
Мезанад сум, мезанад ў шиҳаи гардуншикоф,
Аз малак ин шиҳа –оҳи хоксорон бигзарад.
Меравад аспи Диловаршоҳ ёлу дум зада,
Ханҷари гесўбур аз мўи Майистон бигзарад.
Меравад тобути ў аз роҳи чун пули Сирот,
Дар ҳаво дастобадасти сўгворон бигзарад.
Шаст фарсах нашъи ўро дар замин нагзоштанд,
Чун гузашт аз тирборон, нурборон бигзарад.
Аз қафо тире, ки ў хўрдаст, меояд зи пеш,
Мекушояд парда, даври пардадорон бигзарад.
ХУШ ОМАДӢ
Эй моҳи нав, ба шоми Майистон хуш омадӣ,
Эй шўълаи шукуфта –найистон хуш омадӣ.
Рўзи навему шоми ғарибони Моймай,
Чун шамъи рўз барзада домон хуш омадӣ.
Ин Шоҳи сабзпўш, ки сабзинапарвар аст,
Бо хатти сабз сўи дабистон хуш омадӣ.
Дар имтиҳони ишқ бигў шарҳи зулфро,
Рўи ту маҳви зулфи шабистон, хуш омадӣ.
КИ МАСЪУД ЗОДАСТ…
Чӣ шак дар набарди замону заминаш,
Ки Масъуд зодаст чархи баринаш.
Ҷиҳоди варо ҳар касе кам бубинад,
Ки дар бурҷи симурғ бошад каминаш.
Аҷаб хирасарҳо, аҷаб бебасарҳо,
Надиданд нури набӣ дар ҷабинаш.
Ба нек офаридӣ варо, эй Худованд,
Чаро кина корӣ ясору яминаш?
Агар Рустами дигаре офаридӣ,
Накардӣ савора ба Рахшу ба зинаш.
Магар Рахши ў меравад з-осмонҳо,
Ки ояд гаҳе шиҳаҳои маҳинаш.
Ба раҳм офаридӣ варо ҳамчу Сўҳроб,
Чаро офаридӣ падарро ба кинаш?
Чӣ рўҳест дар пайкари худ нағунҷад,
На обе, ки оранд дар обгинаш.
Ватан буд умре шиори ҷиҳодаш
Ки бодо бақодор дунёву динаш.
29 меҳр. Теҳрон
ТАРҲИ ЗОБУЛ
Он ки по истоду гирдаш се хати маҳсар кашид,
Аз фазои шуми истеъмор боло сар кашид.
Он ки аз доираи имони худ берун нарафт,
Даври гардони Ватанро бо хати мистар кашид.
Он ки дар мардиву помардӣ баландовоза шуд,
Хешро аз хок паст, аз кўҳ болотар кашид.
Он ки доман-доман ашки сўгворон дидааст,
Киштии уммедро аз оби чашми тар кашид.
Он ки хоки хоксорӣ тўтиёи чашм кард,
Пой дар сангар ниҳоду даст аз минбар кашид.
Эй басо Сўҳробу Рустам дар дили ў зиндааст,
Тарҳи Зобулро ба рўи сина бо ханҷар кашид.
Халқи афғонро дуою муддао Масъуд буд,
Ин дуои хокиёнро меҳр дар ховар кашид.
9 октябри 1995. Бишкек.
ВАТАН
Чун синаи садчоки ялонӣ, Ватани ман,
Ман зиндаю медўзӣ ту аз гул кафани ман.
Ту олами яктои манӣ, дида мабодо,
Бинад гули хокистари боғу чамани ман.
Бо ин ҳама худсўзӣ туро боз парастам,
Қутби ману Маздои ману Аҳримани ман.
Як қофилаи ишқи ман аз роҳ рабуданд,
Ман ҳеҷ надонам, кӣ бувад роҳзани ман.
Аз тундиву аз тезӣ чунон хор шудастем,
Чун хор бувад пираҳанам дар бадани ман.
Хубон ҳама оҳу шудаю кўҳ ба кўҳанд,
Як ҷав нахарад нофаи моро Хутани ман.
Мардӣ чу гузашт аз камари мард, ҷунун аст,
Эй вой аз ин мардии барбодзадани ман!