Ҳар сол моҳи дар моҳи мубораки рамазон ва арафаи ду иди исломӣ нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба маротиб боло мераванд. Дар ҳоле, ки дар аксари кишварҳои мусалмоннишин ва ҳатто ғайри он, баръакс аз нархи маводи хӯрокворӣ коста мешавад.
Кӯшишҳои давлат барои пешгирӣ аз болоравии нарх дар рамазон ва идҳо тақрибан натиҷае намедиҳанд.
Паём аз коршиносон пурсид, ки чаро нархҳо дар ин айём боло мераванд ва чӣ гуна мешавад аз он пешгирӣ кард?
Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос: Аз нигоҳи қонун гиред, ҳеҷ як мақомот ё мақомдоре ҳақи дахолат ба бозорро надорад. Аз руи Конститутсия мо иқтисодиёти бозаргониро интихоб ва муайян намудем. Ин маънои онро дорад, ки бозор низ ба озодӣ ниёз дорад. Аслан мо ё як иқтисоддони хуб надорем ва ё дорему аз гуфтани ҳақ метарсанд. Ҳар касе, ки ба роҳбари давлат ва ё раисони шаҳру навоҳӣ, вазирон тафсия медихад, ки бо амру супориш поён фаровардани нарх имкон дорад, иштибох мекунад. Аслан фаъолияти соҳибкорӣ тибқи қонунҳои ҷорӣ як фаъолияти таваккалӣ мебошад, зиёнаш ҳам ва фоидааш ҳам ба дӯши худи тоҷир.
Танҳо дар як ҳолат метавон нархи бозорро барои маводҳои талаботи ҳаррӯза ва ниёзи мардум паст фаровард: Дар як моҳи рамазон ба соҳибкорон давлат имтиёз дихад, сабукӣ ва ё аз пардохти андози чакана, ки он қадар бузург ҳам нест, озод кунад. Ё ин, ки давлат дотатсия ҷудо намояд барои ин мақсад ҳарчанд фикр намекунам чунин имкониятро мо дорем. Ҳади ақал аз ҳисоби сарфаи идҳои зиёди бемантиқе, ки метавон бе дабдабаю оростани дастархону чанд деги ошу дигар таомҳо мешавад ин корро кард.
Мо ки ҷомеъаи исломӣ дорему дар як сол 11 моҳ мунтазири моҳи шарифи рамазон мебошем, ҳама кӯшиш мекунанд, ки захираи худро дар ин як моҳи муқаддас сарф кунанд. Маводҳои беҳтарини бозорро харидорӣ намоянд. Оростани дастурхони пур аз меваи хушку тару тоза дар ҳар як хонадони тоҷик дар ҷанубу шарқи кишвар чи зарурат дорад? Новобаста аз он, ки барои сарфакорӣ қонуни танзим қабул гардидааст, то имрӯз хароҷот кам нашудааст, худнамоишдиҳӣ дар мадди аввал меистад. Ҳол он ки метавон ин идхоро бо камтарин харҷ гузаронд. Масалан дар вилояти Суғд ягон вақт дар ид дастурхон намеоростанд. Танҳо сақичу пуфак мехарему ба кӯдакони махалла тақсим мекунем. Аз ин рӯ, чун нарх аз талабот вобаста аст, бояд сарфакор бошем. Дар дини Ислом низ масрафи зиёд гуноҳ аст. Паембарамон (с) бо як дона хурмо рӯза медоштанд ва чаро мо бо ин шароити вазнини бекорӣ, набудани маоши кифоя сарфакориро пешаи худ намекунем?
Абдуманнон Шералиев, коршиноси масоили иқтисодӣ: Масъала комилан иқтисодист. Бо як фармон, ки як ҳафта пеш аз рамазон ё идҳо содир мешавад, ҳатто камтарин таъсире расонидан ба болоравии нарх имкон надорад. Нархро бозор муайян мекунад ва дахолати ғайрикасбии давлат ба он танҳо вазъро печидатар месозад. Ин ки гӯё савдогарони бозор бо маслиҳат нархро боло мебаранд ҳам чандон воҷеъият надорад. Болоравии нарх дар ин мавсим ба як анъанаи бозор табдил шудааст ва намешавад онро дар як ҳафта ва бо фармону фишор болои савдогарон аз байн бурд.
Мутаассифона, ҳарчанд шояд ҷои таъаҷҷуби хонанда бошад, вале савдогарони бозор дар ин гирудор бештар аз ҳама зарар мебинанд. Зеро онҳо ягона гурӯҳи муайянкунандаи нарх дар бозор нестанд. Баръакс таъсири хеле кам доранд. Ба рамазону идҳо сар аз воридкунандаи мол то яклухтфурӯшҳои бузургу кӯчак ва ҳатто истеҳсолкунандагон тайёрӣ мебинанд. Магар деҳқон молашро барои фурӯш дар рамазону идҳо нигоҳ намедорад? Ӯ медонад, ки дар ин айём нарх боло меравад ва тамоми сол барои он омода мешавад. Вақте воридкунанди мол, яклухтфурӯш ва истеҳсолкунанда дар рамазон нархи молашонро боло мебаранд, савдогари бозор бояд чӣ гуна онро арзон кунад. Албатта онҳо ҳам мекӯшанд дар ин мавсим даромади бештаре гиранд ва ҳақи худро аз мол бештар мекунанд. Вале давлат ва ҳатто худи мардум тамоми айбро ба дӯши онҳо мезанад ва фишори асосиро ҳам онҳо таҳаммул мекунанд.
Аз тарафи дигар айби худи мардум ҳам камтар нест. Зеро дар рамазон ва идҳо масрафи ғизоии мардум ба маротиб боло меравад. Ва мутаассифона ин масраф асосан барои сер кардани шиками дигарон ва намоиши дастархон аст.
Бинобар ин барои ҳали масъала бояд на як фармон, балки маҷмӯъаи иқдомот бо ҷалби мутахассисосн ва барномарезии давлатӣ гирифта шавад. Дар як солу ду сол аз байн бурдани анхъанаи чандинсола имкон надорад, бинобар ин аввал мушкили асосиро ҳал кунад. Ва он ин аст, ки дар рамазон ва идҳо бинобар якбора зиёд шудани талабот, мол дар бозор камтар мешавад. Давлат метавонад бо ҷудо кардани масалан 200-300 миллион сомонӣ аз буҷа, ки дертар ҳатто бо фоида бармегардад, таоми молҳои ниёзи мардум дар ин айёмро захира кунад ва дар арафаи он ба фурӯш барорад. Ду ё се сол давом кардани ин кор ҳади ақал завқи воридкунандагон, яклухтфурӯшон ва истеҳсолкунандагонро барои боло бурдани нарх дар идҳо аз байн мебарад.
Исломҷон Саидов, коршиноси масоили динӣ:
Агар бихоҳем аз зовияи динӣ ба ин суол посух диҳем, аз нигоҳи банда ду сабаб вуҷуд дорад, ки ба болоравии нархҳо дар ин мавсимҳо таъсир мерасонад.
Аввал ин ки дар солҳои охир фосилаи зиёде миёни мардум ва руҳониёне, ки сухани онҳо рӯи мардум таъсир мегузорад ва онҳо метавонистанд мардумро қонеъ намоянд, ки ин амал аз нигоҳи шаръ ва аз рӯи ахлоқ амали нописанд аст, ба вуҷуд омадааст. Рӯҳониёне ки имрӯз рӯи минбарҳо қарор доранд аз он ҷо ки дарди дили мардумро намегӯянд ва табдил ба бозичае дар дасти ҳукуматдорон шудаанд, ҳарфашон рӯи мардум таъсиргузор нест. Ин садро байни мардум ва рӯҳониёни мардумӣ худи ҳукумат сохтааст ва бад ин васила мардумро аз ҳақоиқ ахлоки диниашон дур нигоҳ медорад, ки дар натиҷа ин гуна амалҳои мухолиф ба арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ аз онҳо сар мезанад.
Омили дуввум ва асли худи ҳукуматдорон ҳастанд , ки бо тамоми қувва мекушанд арзишхои диниро дар чашми мардум камарзиш нишон диҳад ва эътиқоду бовари мардумро нисбат ба шароиъ ва аҳкоми диниашон заъиф гардонанд. Худи раисҷумхур нисбати аҳком ва муқаддасоти динӣ харфҳои номуносиберо ироа мекунад. Хамин чанд рӯз қабл аз шурӯъи моҳи рамазон дар робита ба рӯза тарзе сухан мекард, ки гуё рӯза як амри оддӣ бошад ва ҳар касе бихоҳад онро мегирад ҳарки нахоҳад не. Иддаъо мекард, ки қариб шаст фоизи мардуми Точикистон рӯза дошта наметавонанд ва бояд рӯза нагиранд. Вақте раисҷумхур бо шароиъи динӣ чунин бархӯрд мекунад, ва аз дин суистифода мекунад , табиист, ки мардуми оддӣ низ аз муносибатҳои динӣ барои манфиатҳои шахси ва дунёии худ истифода мекунанд. Аз ҷумла тоҷирон.
Ҳукумат аз як тараф бо дин ва аҳкоми динӣ душманӣ дорад ва мубориза мебарад ва аз ҷониби дигар худро ғамхори дину диндорон нишон медихад ва мардумро насихат мекунад , ки дар арафаи рамазон ва идҳо нархро боло набаранд. Пас аз куҷо сухани онҳо рӯи мардум таъсир мегузорад?