Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз валиаҳди Арабистони саудӣ ва раисҷумҳури Русия ба хотири тасмим барои коҳиши тавлиди нафт ташаккур кард.
Кохи сафеди Вашингтон дар баёнияе эълом кард: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тайи тамосҳои телефонии ҷудогона бо Муҳаммад ибни Салмон ва Владимир Путин гуфтугӯ кардааст.
Бар асоси ин баёния, Трамп дар ин гуфтугӯ аз Арабистони саудӣ ва Русия бобати тавофуқ барои коҳиши тавлиди нафт ду кишвар ташаккур кардааст.
Гуфтанист раҳбарони кишварҳои Русия, Арабистони саудӣ ва Амрико рӯзи гузашта дар бораи коҳиши тавлиди нафт ба музокира пардохта ва тавофуқ карданд.
Бар асоси ин тавофуқ, коҳиши 10 миллион бушкаи нафти хоми аъзои ғайри ОПЕК, бо ширкати кишварҳои G-20 рӯзона ба 20 миллион бушка хоҳад расид.