Рубрики Хабарҳо

Наздик ба 3000 мубтало дар Русия дар як рӯз

Шабонарӯзи гузашта дар шаҳри Маскав 1489 кас, дар вилояти Маскав — 460 ва шаҳри Санкт-Петербург — 121 кас мубталои коронавирус шуд

Дар 51 минтақаи  Русия дар давоми шабонарӯзи гузашта 2 ҳазору 774 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар медиҳад ситоди фаврии зидди коронавирус.

Дар баробари ин дар давоми 24 соати гузашта 22 мубталои коронавирус ҷон бохта, 244 нафар шифо ёфтанд.

Аз шумори нави гирифторон, дар шаҳри Маскав 1489 кас, дар вилояти Маскав — 460 ва шаҳри Санкт-Петербург — 121 кас мубталои коронавирус шуд.

Миёни мубталоёни коронавирус 5% — кӯдакон, 44,5% — нафарони аз 18 то 45-сола ва 36,5% – аз 46 то 65-сола мебошанд.

Ҳамин тавр 85 дарсади беморонро одамони аз 64-сола поён мебошанд.

Дар умум то рӯзи 14 апрел дар Русия 21 ҳазору 102 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз рӯзе, ки ин бемории маргбор дар Русия паҳн шуд, 170 бемор ба ҳалокат расид.

Ёдрас мешавем, ки шабонарӯзи гузашта дар ҳудуди Русия 2 ҳазору 558 кас мубталои коронавирус шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *