Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, содироти мол аз кишвар дар қиёс бо воридоти коло аз хориҷа ба маротиб кам мебошад
Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.
Тибқи иттилои хабаргузории Авесто, аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3 миллиарду 700 миллион доллар ва содирот 1 миллиарду 600 миллион доллар рост меояд.
Савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон мисли ҳамеша пойбанди молҳои воридотист. Бар асоси омори ироашуда, дар 9 моҳ воридот аз содирот ҳудуди 2 миллиарду 100 миллион доллар зиёдтар будаст.