Рубрики Хабарҳо

Ҳар сеюм нафари аҳолии Тоҷикистон аз камбуди ғизо ранҷ мебарад

Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ сатҳи камбуди ғизо барои аҳолиро ба қайд гирифтааст, ки нигаронкундатарин сатҳи камбуди ғизо ба Тоҷикистон рост меояд ва гуфта мешавад, ҳар сеюм нафар аҳолии ин кишвар аз камбуди ғизо ранҷ мебарад.

«Вазъ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ» дар  давоми солҳои 2014-2016 дар Тоҷикистон 30,1 фоиз ё худ 2,6 миллион нафар ба камбуди ғизо дучор буданд. Камшавии ин нишондиҳанда ба миқдори 40,2 фоиз аз солҳои 2005-2007 қайд мешавад, яъне сатҳи нимгуруснагӣ ҳамасола ҳамагӣ қариб 1 фоиз кам шудааст.” -гуфта шудааст дар гузориши ФАО.

Дар ҳамин ҳол, миёни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон аз ҳама пасттар нишон дода шудааст, ки соли 2015 ҳамагӣ 933 долларро ташкил додааст.

Таҳлилгарони Ташкилот таъкид месозанд, ки сатҳи густариши камуди ғизо барои аҳолӣ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар маҷмӯъ начандон баланд буда, аз соли 1990 то соли 2016 минтақа ҳам дар коҳиши ҳиссаи фоиз ва ҳам шумор ба комёбиҳои назаррас ноил шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *