Хабаргузории давлатии Русия, РИА Новости рӯз сешанбе эълом кард қатори Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ вориди Русия шуд.
Бино бар эъломи ин хабаргузорӣ, ин қатор дар минтақаи соҳилии Русия дар марзи Кореяи шимолӣ дар ҳоли ҳаракат аст. Тасовири РИА Новости қаторе бо вагонҳои сабзи тираро нишон медиҳад, ки тавассути як локомотиви роҳи оҳани Русия дар ҳоли кашида шудан бар рӯй релс аст.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи шимолӣ, барои дидор бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, озими Владивосток шудааст.
Қаблан расонаҳои Кореяи Ҷанубӣ ба нақл аз як мақоми давлатӣ гузориш дода буданд, ки ба назар мерасад қатори зиреҳӣ, ки Ким барои дидорҳои хориҷӣ аз он истифода мекунад, Пхенянро тарк кардааст.
Хабаргузории русии Интерфакс ҳам пештар гузориш дода буд, ки интизор меравад Ким “дар рӯзҳои оянда” ба ин кишвар сафар кунад.
Интизор меравад, ки дидори байни ду раҳбар имрӯз, сешанбе (12 сентябр) аввали рӯз ба вақти маҳаллӣ сурат гирад.
Як мақоми амрикоӣ пештар ба телевизиони “СБС”, дар Амрико, гуфт, ки ду раҳбар эҳтимолан дар мавриди имкони ирсоли таслиҳот аз сӯи Кореяи шимолӣ ба Маскав барои ҳимоят аз ин кишвар дар ҷанг дар Укроин гуфтугӯ хоҳанд кард.
Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ “Юнҳоп” ба нақл аз вазорати дифоъи ин кишвар эълом кардааст, ки “эҳтимолан” мулоқоте байни Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи шимолӣ ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия сурат хоҳад гирифт.
Сухангӯи вазорати дифоъи Кореяи Ҷанубӣ, душанбе (11 сентябр), гуфт, ки арзёбии вазорати дифоъ ин аст, ки Ким Чен Ин озими Русия шудааст.
Ин сухангӯ афзуд: “агар чунин сафаре анҷом шуда бошад, мо арзёбӣ мекунем, ки мулоқоте бо Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар пай хоҳад буд.”
Ӯ ин суханонро дар пайи гумоназаниҳои афзоянда мабнӣ бар дидори байни ду раҳбари Кореяи Шимолӣ ва Русия дар ҳошияи як маҷмаъи иқтисодӣ дар Русия баён кард.
“Маҷмаъи иқтисодии шарқ” аз 10 то 13 сентябр дар Владивосток дар Русия баргузор мешавад.
Ин гузоришҳо дар ҳоле мунташир шудааст, ки ҳафтаи пеш Иёлоти муттаҳида Амрико эълом кард, ки Ким Чен Ин қасд дорад барои дидор бо Владимир Путин дар ҳошияи “Маҷмаъи иқтисодии шарқ” дар моҳи сентябр ба ин кишвар сафар кунад.
Ҷон Кёрби, сухангӯи амнияти миллии Кохи сафед, ҳафтаи гузашта гуфт: “ҳамон тавр, ки аланан ҳушдор додаем, музокироти таслиҳотӣ байни Русия ва Кореяи Шимолӣ ба таври фаъол дар ҳоли пешрафт аст… Мо иттилооте дорем, ки Ким Чен Ин интизор дорад ин гуфтугӯҳо идома ёбад ва шомили таомулоти дипломатик дар сатҳи раҳбарон дар Русия шавад.”
Кёрби, пештар гуфта буд, ки вазири дифоъи Русия, Сергей Шойгу, дар сафари ахири худ ба Кореяи шимолӣ дар моҳи июл талош кардааст Пхенянро мутақоид кунад, ки муҳиммоти тӯпхонаӣ ба Русия бифурӯшад.
Юн Сок Ёл, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ ҳам ҳафтаи гузашта дар пайи гумоназаниҳо аз чунин мулоқоте, нисбат ба ҳамкории низомии Русия ва Кореяи Ҷимолӣ ҳушдор дод.
Дар пайи нигарониҳо аз густариши ҳамкориҳои таслиҳотӣ байни Русия ва Кореяи Шимолӣ, рӯзи якшанбе (10 сентябр), дипломатҳои аршади Кореяи Ҷанубӣ ва Русия дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи бист (G-20) дар Ҳинд дидор карданд ва Сеул гуфт, ки равобити Русия ва Кореяи Шимолӣ бояд “дар ростои кумак ба сулҳу субот дар шибҳиҷазираи Корея ва минтақаи шарқи Осиё пеш биравад”.
Ба гуфтаи Анкит Панда, аз “Бунёди Корнегӣ барои сулҳи байналмилалӣ”, ин дидор дар замоне сурат мегирад, ки Русия ва Кореяи Шимолӣ ҳар ду чизҳои доранд, ки кишвари дигар мехоҳад.
Панда ба ВВС гуфтааст: “акнун ду кишвар бояд бубинанд чӣ ҳазинаҳои қобили қабул ҳаст, ки ду тараф ҳозиранд дар ивази кумак ба тарафи муқобил бипардозанд.”
Ӯ гуфт, ки Русия эҳтимолан аз Кореяи Шимолӣ таслиҳоти мутаориф аз ҷумла гулӯлаҳои тӯпхона ва муҳиммоти тӯпхонаи ракетӣ хоҳад хост, ва дар муқобил ба Кореяи шимолӣ дар дарёфти ғизо ва маводи хом ва идомаи ҳимоят дар маҷмаъҳои байналмилалӣ, монанд Созмони милал кумак хоҳад кард.
Ин сафар Ким ба Русия аввалин сафари ӯ ба хориҷ аз кишвар дар беш аз чаҳор соли гузашта ва аввалин сафари ӯ аз замони ҳамагирии Ковид-19 хоҳад буд.
Охирин сафари ӯ ба хориҷ аз кишвар дар соли 2019 ҳам ба Владивосток буд. Ин аввалин дидораш бо Владимир Путин пас аз шикасти музокироти халъи силоҳи ҳастаии Кореяи Шимолӣ бо Доналд Трамп раисҷумҳури собиқи Амрико буд