28 майи соли равон дар шаҳри Маскав мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҷанбаҳои ҳалталаби он ва талошҳо ҷиҳати беҳтарсозии вазъи муҳоҷирони меҳнатӣро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавӣ низ муҳокима шудааст.
Бино ба иттилои расмӣ, дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва низомӣ низ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳи робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube